Close

Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»

7-1024x683 Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ  мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар самтҳои сертификатсияи мутобиқати кору хизматрасонӣ, сертификатсияи салоҳиятнокии касбии кормандони соҳаи нақлиёт ва   истифодаи дурусти таҷҳизотҳои баркашӣ дар нуқтаҳои баркашӣ мутобиқи нақша-чорабиниҳои тасдиқкардашудаи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» гузаронидани семинар-дарсҳои назариявӣ  бо экспертони филиалҳои зертобеъ дар корхона ба роҳ монда  шудааст. Мутобиқи ин нақша санаи 18.04 соли 2024  чунин семинар- дарсҳо аз тарафи гуруҳи корӣ, аз ҷумла Муовинони директор, Сардори шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ, Сардори шуъбаи ҲҲМ ва сармутахассисон ва мутахассисони шӯъбаҳои марбута бо экспертони филиалҳои зертобеъи корхона дар ш.Душанбе ва НТҶ минтақаи Рашт гузаронида шуд. Дарсҳо дар мавзӯҳои зерин, аз ҷумла:

1.Дар самти баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш:

– Шиносоӣ бо қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  №779 аз 29 декабри соли 2006 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд»,  №535 аз 07 августи соли 2014  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он» ва   №569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарбори ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум».

– Омузиши «Низомнома» оид ба сертификати баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаш, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли байналмиллӣ ва маҳалли-ро анҷом медиҳанд.

– Омузиши  ҳамаи намудҳои таҷҳизотҳои баркашӣ, ки дар  истгоҳҳои  баркашии воситаҳои  нақлиёти КВД «МСКХСН» истифода  бурда мешаванд.

– Омузиши  сохт , таркиб ва қоидаҳои дуруст  истифодабарии  таҷҳизотҳои баркашии мобилӣ (тарозуҳои мобилӣ) ва тарзи дуруст  пур  кардани  варақаҳои  сертификати  баркашии  воситаҳои нақлиёт ва дуруст  навиштани маълумотҳо оиди баркашиҳои воситаҳои нақлиёти боркаш дар китобҳои бақайдгирӣ.

2. Дар самти сертификати мутобиқати кору хизматрасониҳои нақлиёт:

– Омузиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи баҳодиҳии  мутобиқат»;

– «Доираи аккредитатсия» ва «Иҷозатнома», ки аз тарафи Муассисаи Давлатии «Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия» дода шудааст;

– «Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Вазири нақлиёти Ҷ.Т. ва Директори агентии Тоҷикстандарт мувофиқа карда шуда ва дар вазорати адлияи Ҷ.Т. таҳти №789/1  24.09. соли 2021 ба қайд гирфта шудааст;

– Гости байнидавлатӣ барои ҷараёни сертификатсиякунонӣ ГОСТ ИСО/МЭК 17065-2013. «Баҳодиҳии мутобиқат. Талаботҳои умумӣ ба мақомотҳои сертификатсиякунонии маҳсулот, кор  ва хизматрасониҳо».

3. Дарсамти сертификати салоҳиятнокии касбии кормандони соҳаи нақлиёт:

– Омузиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи баҳодиҳии  мутобиқат»;

– «Доираи аккредитатсия» ва «Иҷозатнома», ки аз тарафи Муассисаи Давлатии «Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия» дода шудааст.

– «Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Вазири нақлиёти Ҷ.Т. ва Директори агентии Тоҷикстандарт мувофиқа карда шуда ва дар вазорати адлияи Ҷ.Т. №789/1  24.09. соли 2021 ба қайд гирфта шудааст.

– ГОСТ и байнидавлатии ГОСТ ИСО/МЭК 17024 2014. «Баҳо- диҳии мутобиқат. Талаботҳои умумӣ ба мақомотҳои сертификатсиякунонӣ оиди  салоҳиятнокии касбӣ»

Омузиши дарсҳо дараҷаи саводнокии экспертонро баланд бардошта, ба сатҳу сифати хизматрасониҳо дар самти сертификатсияи кор ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт таъсири мусбӣ хоҳанд расонид.

9-300x200 Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ  мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»  7-300x200 Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ  мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»

6-300x200 Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ  мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»  8-300x200 Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ  мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»

6-300x200 Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ  мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»  2-300x200 Баргузории дарсoҳои омӯзишӣ  мутобиқи нақшаи корӣ бо экспертони филиалҳои зертобеи  КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

scroll to top