Close

ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КВД «МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ»

Санаи 25 июни соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ҳамоиши идона бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, ҳамоишро муовини якуми директор Рауфзода А.Р. ифтитоҳ намуда, зимни сухани табрикотии худ қайд карданд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин рӯзи таърихӣ ҳамасола 27 июн таҷлил гардида, рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди тамоми мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо як санаи тақвимӣ, балки дастоварди бузурги таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда аҳамияти махсус дорад.

Қайд гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят ҳассос ва пурпечутоб ба ҳисоб мерафт. Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расониданд. Дар чунин шароити душвор зарурати барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфт.

Бо талошҳои пайваста ва иродаи қавии фарзандони содиқи миллат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди сулҳофарӣ оғоз гардида, барои хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ ва барқарор намудани сулҳу субот заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади муҳими таърихӣ оғози марҳилаи нави рушди давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Бо барқарор гардидани сулҳ, кишвар ба роҳи созандагӣ, ободонӣ ва рушди устувор ворид шуд. Маҳз ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки иқтисодиёт барқарор гардида, инфрасохтори кишвар рушд ёбад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, соҳибистиқлол ва созанда муаррифӣ гардад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муқаддаси давлатдорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Пешрафтҳои назарраси иқтисодӣ, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин рушди илм ва фарҳанг, маҳсули фазои сулҳу суботи кишвар мебошанд. Агар ваҳдат намебуд, расидан ба чунин дастовардҳо ғайриимкон буд.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамоянд, ки ҳифзи сулҳу ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Насли ҷавон бояд таърихи пурифтихори сулҳофарии миллатро омӯзад, арзиши сулҳу ваҳдатро амиқ дарк намояд ва барои ҳифзу таҳкими он саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро ваҳдати миллӣ кафили истиқлолият, амнияти миллӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, соҳибистиқлол ва созанда дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ин обрӯ ва нуфуз натиҷаи сиёсати хирадмандона, меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ва пеш аз ҳама, самараи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ ҷомеаро муттаҳид намуда, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳоро гиромӣ дорад, барои ҳифзу таҳкими он саҳм гузорад ва онро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ ба наслҳои оянда ба ёдгор гузорад. Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ҳамчун чароғи роҳнамои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз хизмат хоҳад кард. Сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо, мояи ифтихор ва сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои миллати тоҷик мебошанд.

Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз рӯйдодҳои нодиру омӯзандаи таърихи муосир ба ҳисоб меравад. Арзиш ва аҳамияти ин таҷриба имрӯз на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои муттаҳид гардидани тамоми тоҷикони ҷаҳон ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Ҳамчунин зикр гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон бори дигар собит намуд, ки дар ҳалли низоъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ нақши роҳбарияти оқилона, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ бисёр муҳим мебошад.

Сипас сардори шуъбаи кадрҳо Вализода Ф.Ҷ. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳақиқатан ҳам Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, он рӯз аз рӯз рушд намуда, иқтисодиёти он пеш меравад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мешавад.

Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик сарҷамъ гардид, кишвар ободу пешрафта шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нишоти зиндагӣ, сулҳу субот ва ваҳдат эҳсос мегардад.

Имрӯз мо, фарзандони бонангу номуси Ватан, аз сулҳу ваҳдати кишвари азизамон ифтихор мекунем. Пояҳои сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз мустаҳкам гардида, барои зиндагии орому осуда ва рушди устувори мамлакат заминаи боэътимод фароҳам овардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд:

«Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.»

Воқеан, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар бархе минтақаҳои ҷаҳон ҷангҳо, низоъҳои мусаллаҳона ва нооромиҳо идома дошта, боиси хароб гардидани шаҳру деҳот, талафоти зиёди ҷонӣ ва сарсону саргардон шудани ҳазорон нафар мегарданд. Ин воқеият бори дигар аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои ҳар як давлату миллат собит месозад.

Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон яке аз бузургтарин дастовардҳо ба шумор меравад, зеро маҳз он барои амалӣ гардидани ормонҳои мардум, таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори кишвар ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон заминаи воқеӣ фароҳам овардааст.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем, барои таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузорем ва онро ҳамчун мероси муқаддас ба наслҳои оянда ба ёдгор монем.

scroll to top