СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ МУТОБИҚАТИ КОРУ ХИЗМАТРАСОНӢ

ҶАРАЁНИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ МУТОБИҚАТИ КОРУ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ

  1. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ истифода бурда мешаванд:

– Баҳодиҳии мутобиқат-фаъолият оид ба муайян кардани мутобиқати обектҳои баҳодиҳӣ ба талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки санҷиш, назорат, сертификатсия ва аккредитатсияро дар бар мегирад;

– Сертификати мутобикат-ҳуҷҷате, ки ба талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ мутобиқ будани обекти баҳодиҳии мутобиқатро тасдиқ мекунад;

– Дархосткунанда-шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки бо дархост барои сертификатсия муроҷиат менамояд;

– Доираи аккредитатсия-соҳаи фаъолияте, ки дар он ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия, барои иҷрои корҳои сертификатсия ҳуқуқ дода мешавад;

– Мақомоти сертификатсиякунонӣ – КВД «МСКХСН», ки аз тарафи МД «Маркзи миллӣ оид ба аккредитатсия» барои иҷроиши корҳои сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасониҳо дар доираи муайян аккредитатсия шудааст;

– Сертификатсия – шакли тасдиқи мутобиқат ба талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки аз тарафи мақомоти сертификатсиякунонӣ амалӣ карда мешаванд.

  1. Базаи меъёрӣ ҳуқуқӣ

2.1. Ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ дар асоси ҳуҷҷатҳо ва санадҳои меъёрии зерин амалӣ карда мешавад:

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.2011 сол таҳти №759 «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2009 сол, таҳти №696, аз «Оинномаи нақлиети автомобилии Ҷ.Т.».

– «Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №135 аз 22.06.2015 сол тасдиқ шудааст.

– ГОСТ ИСО/МЭК 17065-2013 «Баҳодиҳии мутобиқат. Талаботҳои умумӣ ба мақомотҳои сертификатсиякунонии маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо»

– ГОСТ 31815-2012 «Баҳодиҳии мутобиқат. Тартиби гузаронидани санҷишҳои нозиротӣ дар ҷараёни сертификатсиякунонӣ»

  1. Талаботҳои умумӣ

3.1. Мутобиқати кору хизматрасонӣ ва додани сертификати мутобиқатро КВД «МСКХСН», ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркзи миллӣ оид ба аккредитатсия» аккредитатсия карда шудааст, амалӣ менамояд.

3.2. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат (тибқи Моддаи 7 «Қонуни Ҷ.Т. «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» ) инҳо:

– сертификати мутобиқат;

– сертификати салоҳиятнокӣ, мебошанд.

3.3. Баҳодиҳии мутобиқат бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулк ва ҳифзи муҳити зист;

– баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини гардиши озоди маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ.

(Моддаи 3 «Қонуни Ҷ.Т. «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»»)

3.4. Баҳодиҳии мутобиқати хизматрасонӣ – ин санҷиши мутобиқати кору хизматрасонӣ ба талаботҳои регламентҳои техникӣ, малакаву маҳорати корӣ, мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва технологӣ ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки бо тартиби муайяншуда бақайд гирифта шудаанд ва ҳамчунин санҷиши натиҷаҳои хизматрасониро ба назар мегирад.

3.5. Баҳодиҳии мутобиқати хизматрасонӣ бо ду роҳ амалӣ карда мешавад, ки инҳо:

А) Санҷиши раванди технологӣ, таҷҳизот,салоҳиятнокии иҷрокунандагон, шарту шароитҳои хизматрасониҳо;

Б) Баҳодиҳии сифати хизматрасониҳо.

3.6. Дар ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ, аз тарафи экспертони КВД «МСКХСН» принсипҳои зерин бояд риоя карда шаванд:

– Салоҳиятнокии кормандони мақомоти сертификатсиякунонӣ;

– Беғаразӣ;

– Бехатарӣ;

– Шаффофият ва дастрасии ҳамаи қоидаҳои сертификатсиякунонӣ;

– Махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи маълумотҳои ба дастомада ва муҳофизати ҳуқуқҳои дархосткунанда;

3.7. Пардохти маблағи сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ тибқи «Нархнома», ки аз тарафи Кумитаи зиддиинҳисорӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.

  1. Тартиби тарҳ (схема)-и ҷараёни сертификатсиякунонӣ

4.1. Экспертони КВД «МСКХСН» дар ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ, бояд аз тарҳ (схема)-и ҷараёни корҳои сертификатсиякунонӣ истифода баранд.

4.2. Тартиб додани тарҳ (схема)-и ҷараёни корҳои сертификатсиякунонии тасдиқи мутобиқати кору хизматрасонӣ, вобаста аз хусусиятҳои объектҳои сертификатсияшаванда ва роҳҳои баҳодиҳии мутобиқати хизматрасонии онҳо ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ, метавонад ҳар хела бошанд.

4.3. Бинобар ин, бо мақсади бартараф кардани равишҳо ва роҳҳои гуногун дар ҷараёни сетификатсиякунонии хизматрасонӣ (хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт), шумораи муайяншудаи усулҳои амал пешбинӣ карда мешавад, ки тарҳ (схема)-и ҷараёни корҳои сертификатсиякунонӣ номида мешаванд.

4.4. Тарҳ (схема)-и ҷараёни корҳои сертификатсиякунониит муто-биқати кору хизматрасонӣ – ин маҷмуи амалҳои муайянкардашудаи пай дар пай мебошанд, ки барои тасдиқ кардани мутобиқати хизматрасонии объектҳои сертификатсияшаванда ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ, расман қабул карда шудаанд.

Дар КВД «МСКХСН» чунин тарҳ (схема)-ҳои ҷараёни корҳои сертификатсиякунонӣ муайян карда шудаанд:

№ Тарҳ (схема)-и ҷараёни корҳои сертификатсияку-нонӣ

Баҳодиҳии сифати хизматрасонӣ

Санҷиши натиҷаҳои хизматрасонӣ

Санҷишҳои нозиротӣ

1

Баҳодиҳии раванди иҷроиши кору хизматрасонӣ

Санҷиши натиҷаҳои кору хизматрасонӣ

Назорати раванди иҷроиши кору  хизматрасонӣ

2

Баҳодиҳии корхона (ташкилот)

Санҷиши натиҷаҳои кору хизматрасонӣ

Назорати мутобиқат ба талаботҳои муайянкарда шуда

         Тарҳи 1 – аз рўйи қоида, ҳангоми сертификатсиякунонии корхонаҳои хурд ва миёна (шумораи кормандон аз 3 то 30 нафар) истифода бурда мешавад. Ҷараёни сертификатсиякунонӣ дар асоси истифодабарии тартибҳои ҳуҷҷатгузоришуда гузаронида мешавад.

         Тарҳи 2 – барои баҳодиҳии мутобиқати хизматрасонии корхонаҳо (ташкилот) — иҷрокунандаи кор ва хизматрасонӣ, ба талаботҳои муайянкуардашудаи санадҳои меъёрӣ гузаронида мешавад.

  1. Ҷараёни сертификатсиякунонӣ

5.1.Ҷараёни корҳо оид ба тасдиқи мутобиқати кору хизматрсонӣ ва додани сертификати мутобиқат иҷроиши амалҳои зеринро дар бар мегирад:

– қабул ва бақайдгирии дархост бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;

– таҳлили ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;

– гузаронидани корҳои сертификатсиякунонӣ барои баҳодиҳии мутобиқати кору хизматрасониҳо;

– қабул кардани қарор оид ба сертификатсия ва додани сертификат;

– санҷишҳои нозиротӣ;

– боздошт ва ё қатъ кардани амали сертификат;

– арзу шикоятҳо ва апеллятсия.

  1. Қабул ва бақайдгирии дархост

6.1. Дархост аз тарафи шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ барои сертификатсия ба КВД «МСКХСН» пешниҳод карда мешавад.

6.2. Эксперти КВД «МСКХСН» дархостро ба қайд гирифта, онро дар муҳлати на бештар аз 5- руз, аз рўзи бақайдгирӣ, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

  1. Таҳлили ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда

7.1. Дар ин муддати 5-рӯз эксперт таҳлили дархост ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо, барои муайян кардани шарту шароитҳои гузаронидани ҷараёни сертификатсиякунонӣ, мегузаронад.

7.2. Дархосткунанда номгўйи ҳуҷҷатҳоро, ки аз тарафи КВД «МСКХСН» тасдиқ шудаанд ва барои пурра кардани маълумот оид ба фаъолияти дархосткунанда заруранд, бояд пешниҳод намояд. Ин номгўйи ҳуҷҷатҳо, аз тарафи эксперт, дар ҷараёни сертификатсиякунонӣ истифода бурда мешаванд ва бояд маълумотҳои зеринро дар бар гиранд:

– маълумот оид ба обектҳои хизматрасонии соҳаи нақлиёт, ки сертификатсия мешаванд;

– маълумот оид ба ҳамаи техника ва таҷҳизотҳои хизматрасон;

– маълумот оид ба дархосткунанда , ном ва суроғаи ҷойи корӣ, корхона , ташкилот ва ҷамиятҳо.

7.3. Номгуи ҳуҷҷатҳо барои сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ, ки дархосткунанда бояд пешниҳод намояд:

БАРОИ КОРХОНА, ТАШКИЛОТҲО ВА ҶАМЪИЯТҲО

1

Дархост

2

Нусхаи «Оиннома» -и корхона.

3

Нусхаи ИНН.

4

Нусхаи«Иқтибос»

5

Маълумот оиди базаи истеҳсолӣ-техникӣ (хусусӣ ва ё шартномавӣ), Рӯйхати ҳама намуди техникаву таҷҳизоти хизматрасонӣ.

6

Хулосаномаи хадамоти давлатии зидди сӯхтор, экологӣ ва санитарию-эпидемиологӣ.

7

Шартнома оид ба гузаронидани корҳои сертификатсиякунонӣ.

БАРОИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ

1

Дархост

2

Нусхаи «Шаҳодатномаи бақайдгирӣ»

3

Нусхаи шиноснома ва ИНН-и соҳибкор

4

Маълумот оиди суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб

5

Маълумот оиди базаи истеҳсолӣ-техникӣ (хусусӣ ва ё шартномавӣ), Рӯйхати ҳама намуди техникаву таҷҳизоти хизматрасонӣ.

6

Хулосаномаи хадамоти давлатии зидди сӯхтор, экологӣ ва санитарию-эпидемиологӣ.

7

Шартнома оид ба гузаронидани корҳои сертификатсиякунонӣ.

7.4. Таҳлили ҳуҷҷатҳо аз тарафи эксперт барои:

– муайян кардани пурра будани маълумот оид ба дархосткунанда;

– муайян кардани доираи аккредетатсия;

– муайян кардани рӯйхати иҷрокунандагони ҷараёни сертификатсиякунонӣ (иҷрокунандагони ҷараён),

гузаронида мешавад.

  1. Таъин кардани иҷрокунандагони ҷараёни сертификатсиякунонӣ

8.1. Бо мақсади гузаронидани корҳо оид ба тасдиқи мутобиқати кору хизматрасонӣ ва додани сертификати мутобиқат дар шуъбаву филиалҳои зерсохтори КВД «МСКХСН» комиссияи корӣ ташкил карда мешавад.

8.2.Комиссияи корӣ аз ҳисоби намояндагони КВД «МСКХСН» – роҳбарони филиалҳо, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон ва экспертон, бо фармоиши директори корхона ташкил карда мешавад.

8.3.Вазифаҳои комиссияи корӣ:

А) Гузаронидани ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ дар обектҳои соҳаи нақлиёт, тибқи тарҳи сертификатсия;

Б) Пешниҳод намудани хулосанома (Санад) ба роҳбарияти корхона, баъд аз гузаронидани ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ дар обектҳои соҳаи нақлиёт, барои қабули қарор ва додани сертификати мутобиқат;

В) Махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи маълумотҳое,ки дар ҷараёни сертификат-сиякунонӣ ба даст омадаанд.

  1. Баҳодиҳӣ

9.1. Баъд аз муайян шудани комиссияи корӣ, ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ дар обекти соҳаи нақлиёт ба анҷом расонида мешавад.

9.2. Комиссияи корӣ дар обекти соҳаи нақлиёт ҷараёни сертификатсиякунониро ба анҷом расонида, хулосанома (санад) тартиб медиҳад. Дар ҷараёни сертификатсиякунонӣ бояд ҳатман намояндаи ин обекти хизматрасонӣ низ иштирок намояд.

9.3. Дар ин хулосанома (санад) комиссия корӣ бояд мутобиқат кардан ва ё накардани объекти санҷидашавандаро ба талаботҳо нишон диҳад.

9.4. Агар дар вақти ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ дар обекти соҳаи нақлиёт муайян шавад, ки хизматрасонӣ ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ мутобиқ мебошанд, он гоҳ хулосанома (санад) тартиб дода мешавад.

9.5. Хулосанома (санад) дар ду нусха чоп карда мешавад. Як нусхаи он дар КВД «МСКХСН» нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он ба намояндаи корхона, ташкилот ва ё нуқтаи хизматрасонӣ дода мешавад.

9.6. Агар дар вақти ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ дар обекти соҳаи нақлиёт муайян шавад, ки номутобиқатҳои хизматрасонӣ ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ зиёданд, он гоҳ ба ин корхона, ташкилот ва ё нуқтаи хизматрасонӣ як мӯҳлати муайян дода мешавад, то ки ин номутобиқатҳо дар ин муддат бартараф карда шаванд. 9.5. Баъд аз гузаштани муҳлати муқарраршуда, комиссияи корӣ дар ин обект дубора корҳои сертификатсиякунониро мегузаронад. Натиҷаи ин корҳо дубора хулосанома (санад) карда мешаванд. Агар ҳамаи номутобиқатҳо бартараф карда шуда бошанд, он гоҳ як нусхаи хулосаномаи (санад) тартиб дода шуда дар КВД «МСКХСН» нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он ба намояндаи корхона, ташкилот ва ё нуқтаи хизматрасонӣ дода мешавад.

  1. Қарор оид ба сертификатсия

10.1.Кори комиссия ба анҷом расонида ҳисоб карда мешавад агар ҳамаи корҳои сертификатсиякунонӣ иҷро гардида , хулосанома (санад) тартиб дода шуда, ба имзо расонида шуда ва ба тарафҳо супорида шуда бошад.

10.2. Асос оид ба қабул кардани қарор дар бораи мутобиқати хизмат-расониии объекти сертификатсияшаванда ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ, ин хулосанома (санад)-и корҳои гузаронида шуда дар нуқтаи хизматрасонӣ, мебошад.

10.3. Қарор оид ба додан ва ё надодани сертификати мутобиқатро роҳбари КВД «МСКХСН» дар асоси ин хулосанома (санад)-и корҳои гузаронида шуда, қабул мекунад.

10.4. Пас аз қабули қарор ба дархосткунанда сертификати мутобиқат дода мешавад.

10.5. Комиссия ва роҳбарияти КВД «МСКХСН» маълумоти дар вақти гузаронидани санҷиш ба даст омадаро бояд махфӣ нигоҳ доранд.

  1. Санҷишҳои нозиротӣ

11.1. Тибқи сархати 7 банди 31-и «Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ГОСТ ISO/IEK 17065-2013 «Талаботҳо ба мақомотҳои сертификатсиякунонии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ» ва ГОСТ 31815-2012 «Баҳодиҳии мутобиқат. Тартиби гузаронидани санҷишҳои нозиротӣ дар амалиётҳои сертификатсиякунонӣ» дар объектҳои сертификатсияшудаи маҷмуи нақлиётӣ, бояд аз ҷониби КВД «МСКХСН» санҷишҳои нозиротӣ гузаронида шаванд.

11.2. Санҷишҳои нозиротӣ дар объектҳои сертификатсияшуда аз тарафи экспертони шуъбаи санҷишӣ- нозиротӣ дар муҳлати на камтар аз як бор дар як сол гузаронида мешаванд.

11.3. Гузаронидани корҳои санҷишҳои нозиротӣ, дар шартномаи басташуда бо дархосткунанда қайд карда мешаванд.

11.4. Санҷишҳои нозиротӣ навбатӣ ва ғайринавбатӣ мешаванд. Санҷишҳои ғайринавбатӣ дар ҳолати ворид шудани арзу шикоятҳо, нисбати сатҳу сифати хизматрасонии объекти сертификатсияшуда гузаронида мешаванд. Санҷишҳои навбатӣ тибқи талаботҳои ГОСТ дар мӯлати на камтар аз як бор дар як сол гузаронида мешаванд.

11.5. Аз натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ-нозиротӣ санад тартиб дода мешавад. Дар санад хулосаҳо оид ба баҳодиҳии кору хизматрасонӣ, ҳолати истеҳсолот, ҳолати техника ва таҷҳизотҳои хизматрасон қайд карда шуда, ба объекти сертификатсияшуда мӯҳлати бартараф кардани камбудиҳо нишон дода мешавад.

         Санад дар КВД «МСКХСН» нигоҳ дошта шуда, нусхаи он ба объекти сертификатсияшуда фиристода мешавад.

11.6. Аз рўйи натиҷаҳои гузаронидани корҳои санҷиши-нозиротӣ дар объекти сертификатсияшуда, дар ҳолатҳои:

– номутобиқати объекти сертификатсияшуда ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ;

– иҷро нагардидани талаботҳои системаи сифат;

– тағйир ёфтани шарту шароитҳои кор ва хизматрасонӣ,

КВД «МСКХСН» метавонад амали сертификати мутобиқати додашударо боздорад, ё тамоман қатъ намояд .

  1. Боздоштан ва ё манъ кардани сертификати мутобиқат

12.1. Агар номутобиқатҳо ба талаботҳои сертификатсикунонӣ, бо натиҷаҳои корҳои санҷиши-нозиротӣ тасдиқ карда шаванд, он гоҳ КВД «МСКХСН» метавонад қарор оид ба:

  1. a) боздоштани амали сертификати мутобиқат, ё

б) қатъ кардани амали сертификати мутобиқатро, барорад.

12.2. Қарор оид ба боздоштани амали сертификати мутобиқат дар он вақт бароварда мешавад, агар объекти сертификатсияшуда дар мӯҳлати муқарраргардида, камбудиҳои нишондодашударо бартараф карда натавонад.

12.3. Агар объекти сертификатсияшуда шароити бартараф кардани камбудиҳоро надошта бошад, он гоҳ амали сертификати мутобиқат қатъ шуда , сертификат бозхонд карда мешавад.

12.4. Маълумот оид ба боздоштан ва ё қатъ кардани амали сертификати мутобиқат аз тарафи КВД «МСКХСН» ба обекти сертификатсияшуда дар муҳлати 10- рўз фиристонда мешавад.

  1. Пардохти маблағи ҷараёни сертификатсиякунонӣ

14.1. Маблағи гузаронидани ҷараёни сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ, вобаста аз намуди хизматрасонӣ аз тарафи дархосткунанда дар асоси «Нархнома»-и КВД «МСКХСН», ки бо Кумитаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст , пардохт карда мешавад

  1. Арзу шикоятҳо ва апеллятсия

15.1. Дар ҳолати норозигии дархосткунанда, аз натиҷаҳои дида баромадани дархост ва гузаронидани корҳои сертификатсиякунонӣ, аз натиҷаи санҷишҳои нозиротӣ ва дигар корҳои вобаста ба сертификатсиякунонӣ , ӯ метавонад ба унвонии комиссия , оид ба дида баромадани арзу шикоятҳои назди КВД «МСКХСН», бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намояд.

15.2. Комиссия, оид ба дида баромадани арзу шикоятҳо, дар мӯҳлати 10 рўз , аз рўзи ворид шудани ариза , бо даъват намудани намояндагони ҳар ду тараф, онро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Комиссия қарори худро, оид ба натиҷаҳои кор ба таври протокол бароварда, ба ҳар ду ҷониб мефиристонад.

15.3. Дар ҳолати аз қарори комиссия норозӣ будани яке аз тарафҳо, он тараф метавонад ба Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кунад.

15.4. КВД «МСКХСН» вазифадор аст, ки бойгонии ҳуҷҷатҳоро дар бораи арзу шикоятҳо ба роҳ монад.