Close

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

Санаи 28 сентябри соли 2023 дар толори маҷлисии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” оиди Нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавҳои коррупсионӣ) ва Баррасии нақшаи кории КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор хизматрасонии соҳаи нақлиёт” оид ба амалисозии “Нақша-чорабиниҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ роҳбарон, муовинон ва экспертони филиалҳои шаҳри Душанбе НТҶ дар минтақаи Рашт ва Ҳисор бо иштироки Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон подполковники адлия Носирӣ Алишер Қаҳҳор баромад намуда, пешгирии коррупсияро яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат бо коррупсия дониста, татбиқи амалии талаботи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” – ро низ яке аз самтҳои асосии пешгирии коррупсия арзёбӣ намуд.

Барои татбиқу иҷроиши талаботи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа вобаста ба омилҳои коррупсионӣ аз тарафи роҳбарияти корхона миёни кормандон, роҳбарони филиалҳо ва экспертон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ба таври ҳамешагӣ таъкид карда мешавад.

КВД “МСКХСН”

IMG_4945-300x200 МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

IMG_4941-300x200 МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

IMG_4936-300x200 МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

IMG_4935-300x200 МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

scroll to top