Бо мақсади иҷроиши Қароори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 № 779 Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое,ки аз меъёрҳои муқараршуда зиёданд, инчунин супоришҳои протоколии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва нақша чорабиниҳои таҳия намудани Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” барои соли 2024 дар нуқтаи баркашие воқеъ дар 56 км роҳи автомобилгарди РБ 04 Душанбе – Кулоб – Кулма, таҷҳизоти вазнченкунии замонавии динамикӣ барои санҷиши вазни воситаҳои нақлиёти гаронвазн, васлу насб карда ба истифода дода шуд.
Таҷҳизоти вазнченкунии мазкур ҷавобгӯи талабҳои техникӣ буда, дорои муайян намудани вазни воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо суръати то 30 км соатро дорад. Ҳамчунин функсияҳои муайян намудани вазни умумии бори таҳвил шаванда ва инчунин муайян намудани сарборӣ ба тири меҳварро низ дар асоси талаботҳои техникӣ доро мебошад. Истифодаи ин намуд таҷҳизотҳо метавонад дар нигоҳдорӣ ва пешгирии аз бармаҳал вайрон гаридидани роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз меъёри муқараргардида зиёд таҳвил намудани борҳоро ба танзим дарорад.
Дар оянда Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст,ки тибқи нақшаи тасдиқгардида, сохта ва ба истифода додани чунин тарозуҳои динамикиро дар нуқтаҳои баркашии дигари роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба роҳ монад.




