Close

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ КВД «МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ» ДАР ҲАМОИШИ БОТАНТАНА БАХШИДА БА ҚАТЪНОМАИ НАВИ СММ

Санаи 30 июни соли 2026 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, ҳамоиши ботантана баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, инчунин кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» иштирок намуданд.

Қабули қатъномаи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари кишвар рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, бори дигар мавқеи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори таҳкими амнияту субот дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Дар рафти ҳамоиш Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим роҷеъ ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу субот, амният ва ҳамкории байналмилалӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотамӣ ва сардори шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Даврон Шомаҳмадзода доир ба нақшу аҳамияти ин санади муҳим дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон, минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Таъкид гардид, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки фарҳанг, масъулият, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва заминаи асосии рушди ҷомеа мебошад. Қабули қатъномаи мазкур аҳамияти хос дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи сулҳдӯстӣ даъват менамояд.

КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» иштироки кормандони худро дар чунин чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, минбаъд низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи нақлиёт фаъолона кор мебарад.

Ин ҳамоиш бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории созандаи байни давлатҳо мақоми баланд дошта, барои наслҳои имрӯз ва оянда аҳамияти бузург доранд.

scroll to top