Close

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2021

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2021

Ҷаласаи ҳисоботии КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар семоҳаи аввали соли 2021 субҳи имрӯз, 07 апрел дар толори маҷлисгоҳи корхона баргузор шуд.

Ҷаласа бо иштироки Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Одинаева Зулфия Ҳамидовна, роҳбарият ва кормандони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” доир шуд.

Ҷаласаро бо сухани муқаддамотӣ директори корхона Мумин Лашкар Қиёмуддин ифтитоҳ карда, оид ба фаъолияти корхона дар семоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот манзур намуд. Қайд гардид, ки фаъолияти корхона дар семоҳаи аввали соли 2021 нисбат ба ҳамин даврваи соли 2020 назаррас буда, он камбудиҳое, ки дар соли қаблӣ анҷмо нашуд, ба таври мунтазам дар соли равон ҳалли худро пайдо карда истодаанд.

Сипас, ҷиҳати такмили фаъолияти самтҳои мухталифи корхона дар моҳҳои минбаъдаи соли 2021 Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон вазифаҳо ва ҳадафҳои муайяну мушаххас гузоштанд.

Директори корхона бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки зери таассуроти илҳомбахш аз дастгирии пайвастаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва роҳнамоии сардори Хадамот Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон содиқонаву софдилона меҳнат карда, бо иҷро намудани нақшаҳои дар пешистода, ба комёбиҳои рўзафзун ноил мегардем.

scroll to top