СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ САЛОҲИЯТНОКӢ КАСБӢ
ҶАРАЁНИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ САЛОҲИЯТНОКӢ КАСБӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ
Ҷараёни сертификатсиякунонии салоҳиятнокии касбии кормандони соҳаи нақлиёт
- Мафҳумҳои асосие, ки дар ҷараёни сертификатсиякунонии салоҳият-нокии касбӣ истифода бурда шудаанд:
– Довталаб ба сертификати салоҳиятнокӣ (Довталаб) – шахси юридикӣ ва ё воқеист, ки барои гирифтани сертификати салоҳиятнокӣ бо дархост ба мақоми сертификатсиякунонӣ муроҷиат кардааст.
– Имтиҳонҳои тестӣ – маҷмуи корҳои санҷишӣ, оид ба баҳодиҳии сатҳи донишу малакаи довталаб, ки аз тарафи мақоми сертификатсиякунонӣ гузаронида мешавад.
– Салоҳиятнокӣ – тасдиқи маҳорати корӣ ва фаҳмиши нозукиҳои ихтисоси худ.
– Сертификати салоҳиятнокӣ – ҳуҷҷатест, ки салоҳиятнокии касбии шахсиятро барои иҷроиши корҳои муайяншуда тасдиқ мекунад.
– Мақоми сертификатсиякунонӣ – КВД «МСКХСН», ки аз тарафи МД «Маркзи миллӣ оид ба аккредитатсия» барои иҷроиши корҳо оид ба тасдиқи мутобиқати салоҳиятнокии касбӣ ва додани сертификати салоҳиятнокӣ ба кормандони соҳаи нақлиёт аккредитатсия шудааст;
– Баҳодиҳӣ – ҷараёне, ки аз тарафи мақоми сертификатсиякунонӣ барои муайян намудани мутобиқати салоҳиятнокии довталаб ба талаботҳо гузаронида мешавад;
- Базаи меъёриву ҳуқуқӣ
2.1. Ҷараён дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии зерин гузаронида мешавад:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №759 аз 02.08.2011с. «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»;
– фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №135, аз 22.06.2015с. «Дар бораи тасдқи Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– ГОСТ ИСО/МЭК 17024-2014 – «Баҳодиҳии мутобиқат.Талаботҳои умумӣ ба мақомотҳои сертификатсиякунонии салоҳиятнокӣ»;
– ГОСТ Р 56937-2016, «Қоидаҳои гузаронидани сертификатсияи салоҳиятнокии касбӣ»;
– ГОСТ – ҳои амалкунандаи соҳавӣ (Нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, хоҷагии роҳҳо);
– Дастурамалҳои вазифавӣ.
- Талаботҳои умумӣ
3.1.Тасдиқи мутобиқати салоҳиятнокии касбӣ ва додани сертификати салоҳиятнокиро КВД «МСКХСН», ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркзи миллӣ оид ба аккредитатсия» аккредитатсия шудааст, амалӣ менамояд.
3.2. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат (тибқи Моддаи 7 «Қонуни Ҷ.Т. «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат») инҳо:
– сертификати мутобиқат;
– сертификати салоҳиятнокӣ, мебошанд.
3.3. Тасдиқи мутобиқати салоҳиятнокии касбӣ ва додани сертификати салоҳиятнокӣ барои ҳамаи мутахассисони соҳаи нақлиёт, ки фаъолияти кориашон бо таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулк ва ҳифзи муҳити зист (Моддаи 3 «Қонуни Ҷ.Т. «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»») хеле зич алоқамандӣ доранд, гузаронида мешавад.
3.4. Дар ҷараёни гузаронидани корҳои сертификатсиякунонии салоҳиятнокӣ, аз тарафи экспертони КВД «МСКХСН», принсипҳои зерин бояд риоя карда шаванд:
– салоҳиятнокии кормандони мақомоти сертификатсиякунонӣ;
– беғаразӣ;
– бехатарӣ;
– шаффофият ва дастрасии ҳамаи қоидаҳои сертификатсиякунонӣ;
– махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи маълумотҳои ба дастомада ва муҳофизати ҳуқуқҳои дархосткунанда.
3.5. Дар ҷараёни гузаронидани корҳои сертификатсиякунонии салоҳиятнокӣ, мутобиқати салоҳиятнокии касбии дархосткунанда ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва санадҳои меъёрии марбут ба салоҳиятнокӣ муайян карда мешаванд.
3.6. Баҳодиҳии мутобиқати салоҳиятнокии касбии дархосткунанда ба тариқи гузаронидани имтиҳонҳо амалӣ карда мешавад.
3.7. Пардохти маблағи сертификатсияи салоҳиятнокии касбӣ тибқи «Нархнома», ки аз тарафи Кумитаи зиддиинҳисорӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.
3.8. КВД «МСКХСН» бояд ҳама тарафа таъминоти ҳимояи маълумотҳоеро, ки дар вақти гузаронидани сертификатсиякунонии салоҳиятнокӣ ба даст омадаанд ва ҳамчунин махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳоро оид ба ҳуқуқҳои дархосткунанда, таъмин кунад.
- Тарҳ (схема)-и ҷараёни тасдиқи мутобиқати салоҳиятнокии касбӣ ва додани сертификати салоҳиятнокии касбӣ
6.1. Ҷараёни тасдиқи мутобиқати салоҳиятнокии касбӣ ва додани сертификати салоҳиятнокии касбии кормандон аз рўйи тарҳ гузаронида мешавад , ки ҷараёни он дар поён оварда шудааст:
– пешниҳод кардани дархост ба мақоми сертификатсиякунонӣ барои гузаронидани сертификатсияи салоҳиятнокии касбии корманд;
– қабул ва ба қайд гирифтани дархост;
– таҳлили ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
– таъин кардани иҷрокунандагони ин ҷараён;
– гузаронидани имтиҳонҳо (хаттӣ ё даҳонӣ) ва тартиб додани протокол оид ба натиҷаи он;
– таҳлили натиҷаҳои имтиҳон аз тарафи мақомоти сертификатсиякунонӣ ва қабул кардани қарор оид ба додан ва ё надодани сертификати салоҳиятнокӣ;
– омода намудани варақаи сертификати салоҳиятнокӣ дар ҳолати мусбӣ баровардани қарор ва супоридани он ба довталаб;
- Ҷараёни корҳои сертификатсиякунонӣ
7.1. Ҷараёни корҳо оид ба тасдиқи мутобиқати салоҳиятнокии касбӣ ва додани сертификатро КВД «МСКХСН» амалӣ менамояд ва тибқи «Тарҳ» корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:
– қабул ва бақайдгирии дархост;
– таҳлили ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
– таъин кардани иҷрокунандагони корҳои сертификатсиякунонӣ (иҷрокунандагони ҷараён);
– ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ;
– қарор оид ба сертификатсия;
– боздошт ва ё қатъ кардани амали сертификат;
- Тартиби қабул ва бақайдгирии дархост.
8.1. Дархост аз тарафи дархосткунанда барои сертификатсия, ба КВД «МСКХСН» пешниҳод карда мешавад.
8.2. Эксперти КВД «МСКХСН» дархостро дар журнали бақайдгирӣ ба қайд гирифта, онро бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар муҳлати на бештар аз 5- рўз аз рўзи бақайдгирӣ , мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
- Таҳлили ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда
9.1. Дар ин муддати 5-рӯз эксперт таҳлили дархост ва номгўи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо, барои муайян кардани шарту шароитҳои гузаронидани ҷараёни сертификатсиякунонӣ, мегузаронад.
9.2. Дархосткунанда номгўйи ҳуҷҷатҳоро, ки аз тарафи КВД «МСКХСН» муайян карда шудаанд ва барои пурра кардани маълумот оид ба фаъолияти дархосткунанда заруранд, бояд пешниҳод намояд. Ин номгўйи ҳуҷҷатҳо, аз тарафи эксперт, дар ҷараёни сертификатсиякунонӣ истифода бурда мешаванд ва бояд маълумотҳои зеринро дар бар гиранд:
– маълумот оид ба ном, суроға, ҷойи кор, корхона ва ё ҷамъият;
– маълумот оид ба тахассуси корманд, ки сертификатсия мешавад;
– маълумот оид ба собиқаи корӣ.
9.3. Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои сертификатсияи салоҳиятнокии касбии кормандон:
|
1 |
Дархост |
|
2 |
Нусхаи шиноснома |
|
3 |
Нусхаи ИНН. |
|
4 |
Нусхаи диплом ва ё шаҳодатнома оиди маълумот ва ё хатми курсҳои махсус. |
|
5 |
Маълумот оиди таљрибаи корӣ дар ихтисос (нусхаи китобчаи меҳнатӣ- дар ҳолати мавҷуд будан). |
9.4.Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар ҳаҷми зарурӣ пешниҳод карда шуда бошанд, он гоҳ ба дархосткунанда вақту соат ва рўзи гузаронидани имтиҳонҳоро (тестӣ ё шифоӣ) таъин мекунад.
10.Таъин кардани иҷрокунандагони ин ҷараён
10.1.Бо мақсади гузаронидани корҳо оид ба тасдиқи мутобиқати салоҳиятнокӣ ва додани сертификати салоҳиятнокии касбӣ дар КВД «МСКХСН», комиссияи аттестатсионӣ ташкил карда шудааст.
10.2. Ташкил кардан ва гузаронидани имтиҳонҳо аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ ба роҳ монда мешавад.
10.3.Комиссияи аттестатсионӣ бо фармоиши директори корхона, аз ҳисоби намояндагони КВД «МСКХСН» – роҳбарони филиалҳо, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон ва экспертон ташкил карда мешавад.
10.4. Вазифаҳои комиссияи аттестатсионӣ:
А) Таҳия кардан, ворид кардан ва мутобиқ намудани ҷараёни сертификатсиякунонии салоҳиятнокии касбӣ ба тарҳи сертификатсиякунонӣ;
Б) Таҳлил ва баҳодиҳии салоҳиятнокии касбии имтиҳонгирандагон;
В) Пешниҳод намудани маълумотҳои ҳуҷҷатгузоришуда аз руи натиҷаҳои имтиҳонҳо ба КВД «МСКХСН» барои қабули қарор;
Г) Махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи маълумотҳои дар вақти гузаронидани ҷараёни сертификатсиякунонии салоҳиятнокии касбӣ ба даст омада;
10.5. Ӯҳдадориҳои комиссияи аттестатсионӣ:
а) дида баромадани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар якҷоягӣ бо аъзоёни комиссия;
б) муайян кардани вақту соат ва рўзи гузаронидани имтиҳонҳо;
в) гузаронидани имтиҳонҳо;
г) ба имзо расонидани хулосаи кори комиссияи аттестатсионӣ, оид ба мувофиқ будан ё набудани мутобиқати салоҳиятнокии касбии дархосткунанда;
10.6. Раиси комиссияи аттестатсионӣ ва аъзоёни он бо фармоиши директори КВД «МСКХСН» таъин карда мешаванд.
10.7. Котиби комиссияи аттестатсионӣ дар навбати худ чунин уҳдадориҳо дорад:
– ҳуҷҷатҳои имтиҳонҳоро тайёр мекунад ва ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳоро ба уҳда дорад;
– дар муҳлати на камтар аз 5-руз ҳамаи довталабон ва аъзоёни комиссияи аттестатсиониро аз вақти гузаронидани имтиҳонҳо хабардор мекунад.
- Ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ.
11.1. Имтиҳонҳо аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ ташкил карда мешавад
11.2. Ба имтиҳонҳо шахсоне роҳ дода мешаванд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсӣ дошта бошанд. Агар шахси довталаб ба имтиҳонҳо бо сабабҳои узрнок дар вақти муайяншуда омада натавонад, ў вазифадор аст 1-рӯз пеш аз имтиҳонҳо котиби комиссияи аттестатсиониро хабардор намояд.
Пас аз ин довталаб ба гуруҳи дигари довталабон, барои супоридани имтиҳонҳо ворид карда мешавад,
11.3. Шахсони довталабе, ки ба имтиҳонҳо ҳозир нашудаанд, ба истиснои ҳодисаҳои дар боло овардашуда, ба рўйхати шахсони имтиҳонсупоранда дохил намешаванд,
11.4. Дар вақти супоридани имтиҳонҳо ба довталаб истифодабарӣ аз ҳама намуд санадҳои меёриву соҳавӣ ва телефонҳои мобилӣ манъ карда мешавад.
11.5. Санҷиши донишу малакаи касбии кормандон бо ду роҳ муайян карда мешаванд:
А) Имтиҳонҳои шифоӣ;
Б) Имтиҳонҳои тестӣ;
11.6. Дар он ҳолатҳое, ки агар собиқаи кории довталаб дар ихтисосаш зиёда аз 10 сол бошад, он гоҳ бо ин довталаб имтиҳон ба таври шифоӣ гузаронида мешавад ва натиҷаҳои он дар «Варақаи имтиҳонӣ» қайд карда мешаванд.
11.7. Дар он ҳолатҳое, ки агар собиқаи кории довталаб дар ихтисосаш аз 10 сол камтар бошад, он гоҳ бо ин довталаб имтиҳон ба таври тестӣ бо истифодаи варақаҳои «Билети имтиҳони тестӣ» гузаронида мешавад ва натиҷаҳои он дар ин варақа қайд карда мешаванд.
11.8. Имтиҳонҳои тестӣ супорида ҳисоб карда мешаванд дар ҳолате, ки довталаб ба 80% дар сади саволҳо ҷавоби дуруст дода бошад.
11.9. Билетҳои имтиҳонҳои тестии пур кардашуда ба котиби комиссияи аттестатсионӣ супорида мешаванд.
11.10. Хулосаи имтиҳонҳоро комиссияи аттестатсионӣ дар протокол қайд карда, онро ба имзо мерасонад. Аз рӯйи натиҷаи протокол, мақомоти сертификатсиякунонӣ , барои додани сертификати салоҳиятнокӣ ба ҳар як довталаб, қарор қабул мекунад.
11.11. Сертификати салоҳиятнокӣ ба шахсоне дода намешавад, ки онҳо:
а) ба саволҳои имтиҳонҳои тестӣ дуруст ва пурра ҷавоб надодаанд,
б) аз супоридани имтиҳонҳои тестӣ саркашӣ карданд,
в) дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок накарданд.
11.12. КВД «МСКХСН» вазифадор аст ҳуҷҷатҳои шахсони аз имтиҳонҳо гузаштаро ба феҳристи имтиҳонҳои сертификати салоҳиятнокӣ ворид карда, онҳоро дар муддати 5-сол дар бойгонӣ нигоҳ дорад.
- Қарор оид ба сертификатсия
12.1. Қарор оид ба сертификатсияи салоҳиятнокии касбӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти сертификатсиякунонии КВД «МСКХСН», дар асоси протокол, ки пас аз супоридани имтиҳонҳо тартиб дода мешавад, қабул мешавад.
12.2. Маълумотҳое, ки дар ҷараёни сертификатсиякунонӣ ба даст меоянд, бояд барои баровардани қарор оид ба сертификатсия ва дида баромадани арзу шикоятҳо, ҳаматарафа кофӣ бошанд.
12.3. Аъзоёни комиссияи аттестатсионие, ки ҳамаи маълумотҳоро ба роҳбарияти мақомот барои баровардани қарор оид ба сертификатсия пешниҳод менамоянд, бояд дорои дониши кофӣ ва малакаи корӣ бошанд, то ки муайян карда тавонанд, ки талаботҳои сертификатсиякунонӣ пурра риоя карда шудаанд.
- Боздошт ва ё қатъ кардани амали сертификат
13.1 КВД «МСКХСН» метавонад амали сертификати салоҳиятнокии касбии додашударо боздорад ё тамоман қатъ кунад .
13.2. Асосҳо барои боздошт ё қатъ кардани амали сертификати салоҳиятнокии касбӣ инҳо шуда метавонанд:
– номутобиқати салоҳиятнокии касбии кормандон ба талаботҳои ҳуҷҷатҳо ва санадҳои меъёрии соҳаи нақлиёт, ки талаботҳои салоҳиятнокии касбиро дар соҳаи нақлиёт муқаррар кардаанд;
– дағалона вайрон кардани қоида ва тартиб, яъне бесалоҳиятӣ, риоя накардани талаботҳои салоҳиятнокии касбӣ, вайрон намудани қоидаҳо ва меъёрҳои этикӣ;
– ворид шудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳо ва санадҳои меъёрӣ, ки талаботҳои салоҳиятнокии касбиро дар соҳаҳои муайян муқаррар мекунанд;
– ворид шудани арзу шикоятҳои чандкарата ба мақомоти сертификатсиякунонӣ, аз фаъолияти шахсони сертификатсияшуда;
13.3 Қарор оид ба боздошт ва ё қатъ кардани амали сертификати салоҳиятнокии касбӣ аз руи ворид шудани маълумотҳо ба мақомоти сертификатсиякунонӣ, ки барои боздошт ва ё қатъ кардани амали сертификат асос шуда метавонанд, амалӣ карда мешаванд.
13.4. Қатъ шудани амали сертификат, аз рўзи дар феҳрист бароварданаш, ба ҳукми ҳуқуқӣ дароварда мешавад.
13.5. Маълумот оид ба боздоштан ва ё манъ кардани сертификат аз тарафи мақоми сертификатсиякунонӣ ба дархосткунанда дар муҳлати 10-рӯз фиристонда мешавад.
- Бақайдгирӣ ва додани сертификати салоҳиятнокӣ
14.1. Сертификати салоҳиятнокии касбӣ аз тарафи КВД «МСКХСН» дар муҳлати на камтар аз 5 рӯз баъди қабули қарор оид ба додани сертификат, ба тартиб дароварда мешавад.
14.2. Шаҳодатномаи Сертификати салоҳиятнокӣ аз тарафи директори КВД «МСКХСН» ва ё Роҳбарони филиалҳо ба имзо расида, бо муҳри корхона тасдиқ карда мешавад.
14.3. Тайёр кардани варақаи шаҳодатномаҳои сертификати салоҳиятнокӣ аз тарафи КВД «МСКХСН» ташки карда шуда, он варақаи ҳисоботии қатъӣ ҳисобида мешавад.
14.4. Мӯҳлати амали сертификати салоҳиятнокии касбӣ тибқи «Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муайян карда мешавад.
14.5. КВД «МСКХСН» вазифадор аст сертификати салоҳиятнокии касбии додашударо ба феҳристи системаи сертификатҳо дохил карда, онҳоро дар муддати 5-сол дар бойгонӣ нигоҳ дорад.
- Пардохти маблағи сертификатсиякунонии салоҳиятнокии касбӣ
15.1. Маблағи гузаронидани имтиҳонҳо ва додани сертификати салоҳиятнокӣ аз тарафи дархосткунанда дар асоси нархномаи муайяннамудаи КВД «МСКХСН», ки бо Кумитаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, пардохт карда мешавад
- Апеллятсия
16.1. КВД «МСКХСН» вазифадор аст, ки қабули ҳуҷҷатҳоро дар бораи арзу шикоятҳо ба қайд гирад.
16.2. Директори КВД «МСКХСН» баъди дида баромадани арзу шикоят, онро мавриди баррасӣ қабул намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо онро ба комиссия равона мекунад.
16.3. КВД «МСКХСН» вазифадор аст, баъди дида баромадани аризаи шикоятӣ, аз натиҷаи он ба аризадиҳанда маълумот фиристонад.
16.4. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, дар ҳолати розӣ набудан аз хулосаи мақоми сертификатсиякунонӣ, аризаи шикоятиро ба мақоми миллии сертификатсикунонӣ «Тоҷикстандарт» фиристонад.
