
Барои ҷавонони кишварамон 23 май рӯзи таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 инҷониб ин санаи фархунда – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз ба ин муносибат дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он Вазир Азим Иброҳим бо паёми табрикӣ ба ҷавонон муроҷиат намуд.
Маълумоти бештар дар сомонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон



