Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779

           Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

         Ба Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, № 779 тасдиқ гардидаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

– дар бандҳои 5, 6, 7 ва 14 калимаҳои “Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба калимаҳои “Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иваз карда шаванд;

– дар бандҳои 5, 6 ва 8 калимаи “калонҳаҷм” ба калимаҳои “калонҳаҷми тақсимнашаванда” иваз карда шаванд;

– дар банди 10 баъд аз калимаҳои “аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд” дар дохили қавс калимаҳои“(бо бори тақсимнашаванда)” илова карда шаванд;

– баъд аз банди 17 бандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

  1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд (бо бори тақсимшаванда) тавассути истифодаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
  2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нуқтаҳои назоратии қитъаи шоҳроҳҳо ба мақомоти ваколатдор бобати муҳайё намудани шароити зарурӣ оид ба таъмини иҷрои банди 18 Қоидаҳои мазкур бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

         Дар ҳолати аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаи нақлиёт (бо борҳои тақсимшаванда), шахси нозир ўҳдадор аст, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида, барои фаровардани бори зиёдатӣ ё ба воситаи нақлиёти дигар бор кардани он амрнома супорад.

         Дар ҳолати аз меъёри муқарраргардида зиёд будани вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаи нақлиёт (бо бори тақсимнашаванда), то замони барасмиятдарории иҷозати махсус аз ҷониби Ҳадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳаракати воситаи нақлиёт то ҷои таъиноти бор манъ карда мешавад.” ;

– банди 18 қарори мазкур банди 20 ҳисобида шавад.

         Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 7 августи соли 2014, № 535

ш.Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

«ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ
НАҚЛИЁТ»»

аз 2 августи соли 2010                                           №399                                          ш. Душанбе

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1)      Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шавад.

2)       Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»-ро тибқи қоунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.

3)      Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №107 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт» тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:

-банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«1) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи маркази, Нақшаи идоракунӣ ва Номгеи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тасдиқ карда шаванд (замимахои 1,2, 3 ва 4)»;

-ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №107 замимаи 4 илова карда шавад (Замима мегардад).

 

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Замимаи 4 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 №339 тасдиқ шудааст

 

НОМГУИ

КОРХОНАҲОИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ

 

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»

ҚАРОРИ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири 

меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Бо мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум (минбаъд маҳдудиятҳои мавсимӣ), ки номгўяшон дар замимаи 1 оварда мешавад, бо тартиби зайл муқаррар карда шавад:

– ҳамасола аз 1 май то 31 август, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани харорати рўзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад;

– барои роҳҳои автомобилгарди дигари истифодаи умум, ки номгўяшон дар замимаи 1 қарори мазкур оварда нашудааст, сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 8 тонна муқаррар карда мешавад.

2) Андозаи ниҳоии иҷозатдодашудаи вазни тирҳои ҳамҷолии воситаҳои нақлиёт дар давраи маҳдудиятҳои мавсимӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хабардор намудани ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ аз маҳдудиятҳои муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ андешад.

4) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– тавассути воситаҳои ахбори омма истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро аз мўҳлати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт хабардор намояд;

– назорати доимии вазъи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба роҳ монда, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати иловатан маҳдуд намудани вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ ва иншооти роҳдорӣ, инчунин бекор намудани маҳдудиятҳои мавсимии муқарраршуда бо мурури барои гузариши муқаррарӣ омода гардидани роҳу иншооти роҳдорӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

– якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки дар натиҷаи вайрон намудани маҳдудиятҳои бо қарори мазкур муқарраршуда ба роҳ ва иншооти роҳдорӣ зарар мерасонанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешад;

– мувофиқи тартиби муқарраргардида якчоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши риояи маҳдудиятҳои мавсимии мазкурро аз ҷониби воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои давлатии наздисарҳади ва нуқтаҳои назоратии даромадгоҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил намояд.

5) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– мувофиқи тартиби муқарраргардида якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобаста ба маҳдудиятҳои муқарраршуда таъмин намояд;

– назорати ҳаракати воситаҳои нақлиётро бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқарраршуда таъмин намуда, барои роҳ надодан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки номгўяшон дар замимаи 1 қарори мазкур муайян шудааст, чораҳои зарурӣ андешад.

6) Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи махдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҷиҳати сари вақт муайян ва огоҳ намудани мақомоти марбута бо нишондодҳои боду ҳаво тадбирҳои зарурӣ андешад.

         Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 8 ноябри соли 2011 № 569

 ш. Душанбе

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 ноябри соли 2011 № 569