Ҳамкасбони муҳтарам ва ҳамватанони гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоям.
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузурги давлати соҳибистиқлоли мо буда, маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ Тоҷикистони азизамон имрӯз роҳи рушди устувор ва созандагиро идома дода истодааст. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Имрӯз мо бо ифтихор метавонем қайд намоем, ки дар фазои сулҳу субот барои пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла соҳаи нақлиёт, шароити мусоид фароҳам омадааст. Бо заҳмати содиқонаи кормандон ва дастгирии роҳбарият, дар корхона корҳои муҳими навсозӣ, рақамикунонӣ ва такмили хизматрасонӣ пайваста амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.
Итминони комил дорам, ки мо минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории самаранок барои рушди минбаъдаи корхона ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи нақлиёти кишвар талош хоҳем намуд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!




