Фаъолияти КВД
«Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 399 аз 2 августи соли 2010 таъсис дода шуда, сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонӣ, ҳайати шахсӣ ва системаи тарғиботи сифатро дар комплекси нақлиётӣ бо тартиби муқарраршудаи сертификатдиҳии иншоот пеш бурда истодааст.
Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар асоси «Аттестати аккредитатсияи мақомот оид ба баҳодиҳии мутобиқат» ва «Доираи аккредитатсия», ки аз тарафи Муассисиаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия» дода шудааст, дар се самт ба роҳ монда шудааст.
Инҳо сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ, сертификатсиякунонии салоҳиятнокии касбии кормандони соҳаи нақлиёт ва сертификатсиякунонии баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш мебошанд.
