13 апрели соли 2024 дар рафти сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин, шаҳри Тайюан, Роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт” аз ширкати истеҳсолкунандаи тарозуҳои муосири динамикӣ “SHANXI WANLI SCIENCE AND TECHNOLOGY CO. LTD, ки дар парки саноати технологии “High-tech ZONE E-Commerce Industrial park” қарор дорад дидан намуданд. Ширкати мазкур бонуфузтарин Ширкати истехсолкунандаи тарозуҳои муосир дар миқёси Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳисоб рафта иқтидори истеҳсолии Ширкат дар 1 сол то 800 дона чунин тарозуҳо мебошад. Инчуни ширкати мазкур бо донишгоҳҳои техникӣ робитаи бевосита дошта, санҷиши сифат ва хизматрасонии минбаъда низ дар асоси стандартҳои байналмилиалӣ пурра ба роҳ монда шудааст.
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин, музофоти Шанси, шаҳри Тайюан.




