Close

ТОҶИКИСТОН ҲАМОҲАНГСОЗИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ РӮ БА ТАРАҚҚИИ МАҲСУР ДАР ХУШКӢ ГАРДИД. Қадами муҳим дар роҳи рушди транзит, логистика ва рақамикунонии соҳаи нақлиёт

Аз 1 июли соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати як сол ба ҳайси ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ — LLDC фаъолият менамояд.

Интихоби Тоҷикистон 22 июни соли 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, зимни ҷаласаи сатҳи сафирони кишварҳои узви гурӯҳ сурат гирифт.

Дар ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ ба аҳамияти сиёсати тиҷоратӣ, рушди низомҳои транзитӣ, такмили инфрасохтори нақлиётӣ, тақвияти робитаҳои минтақавӣ ва татбиқи Барномаи амалиёти Аваза барои солҳои 2024–2034 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳадафи асосӣ — коҳиш додани монеаҳои логистикӣ

Гурӯҳи LLDC 32 давлатро муттаҳид менамояд, ки ба баҳр роҳи мустақим надоранд. Ин давлатҳо барои дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ маҷбуранд аз ҳудуд ва инфрасохтори нақлиётии кишварҳои транзитӣ истифода баранд.

Чунин вобастагӣ боиси афзоиши хароҷоти ҳамлу нақл, тӯлонӣ гардидани муҳлати интиқоли мол, мураккаб шудани расмиёти сарҳадию гумрукӣ ва паст шудани рақобатпазирии маҳсулоти содиротӣ мегардад.

Тибқи маълумоти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд, хароҷоти нақлиётии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ тақрибан 50 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон, интиқоли молҳои воридотӣ ба ин давлатҳо нисбат ба кишварҳои соҳилӣ тақрибан ду маротиба бештар вақт мегирад.

Аз ин рӯ, вазифаҳои асосии Гурӯҳи LLDC рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ ва «бандарҳои хушк», сода намудани расмиёти транзитӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва транзитӣ мебошанд.

Нақши Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз

Дар давоми як соли оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамоҳанг намудани мавқеъ ва талошҳои кишварҳои узви гурӯҳ, баррасии масъалаҳои муштараки нақлиётӣ, транзитӣ ва тиҷоратӣ, инчунин муаррифии манфиатҳои онҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Интихоби Тоҷикистон ба ин мақом имконият медиҳад, ки ташаббусҳои кишвар дар самти рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтор, такмили марказҳои логистикӣ, сода намудани расмиёти сарҳадӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ фаъолтар муаррифӣ карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ба зарурати андешидани тадбирҳои муассир барои рафъи маҳдудиятҳои логистикӣ, транзитӣ ва инфрасохторӣ таъкид намуда буданд.

Конфронси мазкур аз 5 то 8 августи соли 2025 дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон баргузор гардид.

Дар доираи ҳамин конфронс Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ қарор дошта, ҳадаф дорад ба маркази боэътимоди транзитии минтақа табдил ёбад.

Дар ин самт Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нӯҳ терминали нақлиётӣ ва маркази логистикии кишварро барои дохил намудан ба рӯйхати «бандарҳои хушк»-и дорои аҳамияти байналмилалӣ пешниҳод намудааст.

Рақамикунонӣ — заминаи логистикаи муосир

Дар шароити имрӯза рушди транзит танҳо бо бунёди роҳҳо ва терминалҳои нав маҳдуд намегардад. Барои кам кардани хароҷот ва муҳлати интиқоли мол истифодаи низомҳои рақамӣ, мубодилаи электронии маълумот, назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пайгирии бор ва ҳамгироии платформаҳои иттилоотӣ зарур мебошад.

Рақамикунонии расмиёти нақлиётӣ имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳо ба таври электронӣ пешниҳод ва коркард гардида, ҳаракати бор дар масирҳои байналмилалӣ назорат карда шавад. Ҳамзамон, маълумоти зарурӣ байни мақомоти нақлиётӣ, гумрукӣ, сарҳадӣ, марказҳои логистикӣ ва ширкатҳои боркашонӣ сари вақт мубодила мегардад.

Барои КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби кишвар ба ҳайси ҳамоҳангсози Гурӯҳи LLDC аҳамияти махсус дорад.

Корхона дар самти таҳия ва татбиқи низомҳои иттилоотии соҳаи нақлиёт, назорати GPS-и воситаҳои нақлиёт, истифодаи тарозуҳои динамикӣ, ташкили харитаи электронии роҳҳо, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти соҳавӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва рушди Платформаи ягонаи соҳаи нақлиёт фаъолият менамояд.

Татбиқи чунин технологияҳо метавонад ба сода гардидани расмиёти ҳамлу нақл, баланд бардоштани шаффофияти хизматрасониҳо, кам шудани таваққуф дар роҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва беҳтар гардидани идоракунии долонҳои транзитӣ мусоидат намояд.

Интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ нишонаи болоравии нуфузи байналмилалии кишвар ва эътирофи нақши фаъоли он дар ҳалли масъалаҳои нақлиётӣ, транзитӣ ва логистикӣ мебошад.

Ҳамзамон, ин имконияти муҳим барои пешбурди манфиатҳои миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори муосир ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари боэътимоди транзитӣ ва рақамии минтақа ба ҳисоб меравад.

scroll to top