Тибқи супориши Протоколии Директори Корхонаи воҳидиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” санаи 11.10.2023. санҷиш ва омӯзиши малакаи кории ҳисоботдиҳандагон ва экспертони филиалҳои зертобеи корхона доир карда шуд. Сараввал Директори Корхона Саидзода С.С. ҷиҳати пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва қатъиян манъ намудани гузариши онҳо бо ҳозирин суҳбат гузаронида, иловатан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ибтикори роҳбарияти корхона, ки аз ширкати ESIT Elektronik A.S. 10 адад таҷҳизоти наву муосири вазнченкунӣ харидорӣ шудааст ва алаккай 5 адади он барои корбарӣ дар нуқтҳои баркашӣ таъмин гардидаанд, ки ин барои боз ҳам қатъиятан манъ намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн мусоидат менамояд. Дар ҷаласаи имрӯза аз ҷониби муовинон ва сармуҳандис ҷиҳати баркашии воситаҳои нақлиёт суолу пурсишҳо пешниҳод гардида, маслиҳатҳои муфид дар ин бора дода шуд.
Ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар тамоми нуқтаҳои баркашӣ POS – терминалҳо, терминалҳои худкор ва рамзҳои ягона гузошта шудааст, ки тӯли чанд муддат аст, ки пардохти ҳаққи хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ супорида мешавад. Имрӯз бо мақсади омӯхтани сатҳи корбарии кормандони нуқтҳои баркашӣ ва иловатан такмил додани савияи корбарии онҳо намоянда аз ТАҚХ “Ҳумо” даъват карда шуда, раванди корбарии ғайринақдӣ бори дигар рӯнамоӣ карда шуд.
Аз оне, ки қисмати зиёди фарогири аҳли толор ҳисоботдиҳандагон буданд, ҳамзамон масъалаи сари вақт омода намудани корхона ва нуқтаҳои баркашӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳи 2023 – 2024 бори дигар таъкид гардид.
КВД “МСКХСН”









