Close

РӮНАМОӢ ДАР ҶДММ “РЕБУС”

Ба мақсади дидан намудан аз барномаи функсияҳои мукаммали таҳияшудаи система дар таърихи 31 октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи ҶДММ “Ребус” оиди  “Функсияҳои мукаммали таҳияшудаи система” бо иштироки мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор хизматрасонии соҳаи нақлиёт” – Ахунов Ҷ.М. – муовини директори корхона, Саидов Д. – сармуҳандис, Мусоева А.Ҷ. – сардори шуъбаи муҳосибот, Муродов М. – сардори шуъбаи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур – Колодин В мутахассисони ширкати номбурда вохӯрӣ ва машварат баргузор гардид.

ҶДММ “Ребус” ҳамчун иҷрокунанда бета-версияи функсияҳои мукаммали таҳияшудаи системаро рӯнамоӣ ва муаррифӣ кард. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҳамчун фармоишгар функсияи веб – портали таҳияшударо тасдиқ ва қабул намуд. Дар натиҷа барои насби минбаъдаи веб – портал дар сервери Фармоишгар дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат корҳои насбнамоӣ низ ба анҷом расонида мешавад.

1698745139030-300x225 РӮНАМОӢ ДАР ҶДММ “РЕБУС”

1698745139019-300x225 РӮНАМОӢ ДАР ҶДММ “РЕБУС”

1698745139025-300x225 РӮНАМОӢ ДАР ҶДММ “РЕБУС”

 

scroll to top