28 декабри соли 2023 кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “ Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа намуданд ва он тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мустақимона пахш карда шуд, дастаҷамъона тамошо карданд.









