Close

БА САРДИҲО ОМОДА БОЯД БУД! Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳаракат дар ағбаҳои куҳӣ дар рӯзҳои бориши барф ва яхбандӣ метавонад хатарнок бошад ва андешидани тадбирҳои махсусро талаб мекунад

Previous
Next

Шаби шанбе ба якшанбе дар Тоҷикистон барф борид  (барфи аввал  ҳанӯз 28 октябри соли равон дар манотиқи куҳӣ ба қайд гирифта шуда буд). Аз ин сабаб дар роҳҳо ба амал омадани яхбандӣ ва меғ (туман) ногузир аст

 Тавре Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, моҳи декабр дар кишвар рӯзу шабҳои сард бо тағйирёбии ҳарорат ва аз меъёр 1 дараҷа паст фаромадани он пешгӯӣ мешавад.  Дар баъзе минтақаҳо барфи зиёд меборад ва шамоли сахт (то 17-23 м/с) мевазад. Лиҳозо, дар роҳҳо метавонад яхбандӣ ва меғ (туман) ба вуҷуд ояд.

Ҳарорати ҳаво аз 1-13 дараҷа гармӣ то 1-14 дараҷаи хунукӣ тағйир меёбад, дар қисми шарқии ВМКБ он метавонад то 36-38 дараҷа паст шавад.

scroll to top