Санаи 15 июли соли 2026 дар толори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа фаъолияти Корхона дар самтҳои асосии хизматрасонӣ, аз ҷумла сертификатсиякунонии кору хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт, додани сертификати салоҳиятнокии касбӣ, баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш, назорати фаъолияти нуқтаҳои баркашӣ, рақамикунонии равандҳои корӣ ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки Корхона дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ як қатор корҳои муҳимро анҷом додааст.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои баланд бардоштани савияи касбии кормандон, гузаронидани корҳои омӯзишӣ, риояи интизоми меҳнат, одоби муошират бо муроҷиаткунандагон ва ронандагон, истифодаи дурусти таҷҳизоти корӣ ва риояи талаботи техникаи бехатарӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти Корхона ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти филиалҳои минтақавӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини фаъолияти мунтазами нуқтаҳои баркашӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон чораҳои зарурӣ андешиданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа бори дигар гуфта шуд, ки Корхона минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба роҳ монда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати кор, баланд бардоштани масъулияти кормандон ва рушди соҳаи нақлиёт тадбирҳои заруриро идома диҳад.




