Close

ҶОРӢ НАМУДАНИ КАМЕРАҲОИ БАРҚИ БАР ИВАЗИ КАМЕРАҲОИ ОФТОБӢ-БИСЁРФУНКСИОНАЛӢ ВА ЧАРОҒАКҲОИ РАВШАНДИҲАНДА ДАР НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ

Ба мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд.
Вобаста ба ин, бо дастури директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар санаҳои 25 то 30 октябри соли ҷорӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати кору хизматрасониҳо ба ин васила ворид намудани сертификати баркашӣ тариқи барномаи ягона ба экспертон дар нуқтаҳои баркашии филиали Душанбе, минтақаи Ҳисор, Кӯлоб Рашт ва Бохтар анҷом ёфт.
Барои ба талаботҳои имруза ҷавобгуй намудани кору хизматрасониҳо дар нуқтаҳои баркашии филиали Душанбе, минтақаи Бохтар, Рашт ва Кӯлоб бо дастури директори корхона камераҳои офтобии бисёрфунксионалӣ ва чароғакҳои равшандиҳанда васлу насб карда шудаанд, ки ин метавонад шароити кормандонро дар нуқтаҳои баркаши беҳтар гардонида, фаъолияти кориро ба талаботҳои муосир мутобиқ гардонад.

scroll to top