Close

ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” санаи 6 октябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, сарпарасти соҳа – Ашӯрзода Ф., Бобоев З. – сардори шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, Салимзода Л.А.  – сардори шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, директори КВД “МСКХСН” – Саидзода С.С., муовинон, сармуҳандис, сардори шуъбаву мудирони бахшҳо, роҳбарон ва муовинони филиалҳо, инчунин ҳисоботдиҳандагони нуқтаҳои баркашӣ ҷаласаи чамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхона дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор карда шуд.

Баъд аз ироаи натиҷаҳо, дастовардҳо ва пешравиҳо, инчунин дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва назорати доимӣ аз ҷониби муовини сардори ХДНТСН – Ашӯрзода Ф. фаъолияти корхона дар умум мусбӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳо баҳои баланд гирифтанд.

Ҳамзамон, аз тамоми роҳбарон ва муовинони филиалҳои зертобеи корхона оиди дар кадом сатҳ қарор доштани фаъолияти филиалҳо пурсишу суолҳо дода шуда,  бори дигар масъалагузорӣ шуд.  Барои нишондодҳои хуби минбаъда аз ҷониби роҳбарият ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

“Барои пешбурди соҳаи роҳу нақлиёт, махсусан эмин нигоҳ доштани роҳҳо аз вайроншавии бармаҳал тамоми саъю кӯшишҳо ба харҷ дода шуда ва шароитҳои хубӣ корӣ барои сатҳи баланди хизматрасонӣ дар нуқтаҳои баркашӣ муҳайё карда мешавад” – афзуд Директори КВД “МСКХСН” Саидзода С.С.

 

КВД “МСКХСН”

IMG_5002-300x200 ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

IMG_5010-300x200 ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

IMG_5015-300x200 ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

IMG_5020-300x200 ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

IMG_5032-300x200 ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

scroll to top