Close

САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

Маҳфуми ватандорӣ бахти бузург, расидан ба Истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр болотар аз ҳам эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, устувор нигоҳ доштани забон, иқтисоду фарҳанг ва ба дасти худ  гирифтанти тақдири миллатамон мебошад.

Дар воқеъ ба сарнавишти миллати тоҷик муҳимтарин воқеаи таърихи ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 дар таърихи имрӯзи соҳибистиқлолӣ ба вуқўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор аз он доранд, ки нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби арзишҳои миллии худ – Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди  миллӣ гардидем. Акнун моро месазад, ки аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии худро ҳифз намуда, барои устувор нигоҳдоштанаш масъул бошем.

Дар таркиби сохтории Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бахши сертификатсиякунонии хоҷагии роҳҳои таъсис дода шудааст. Дастовардҳое, ки дар ин муддат ба даст омад, аз ҳамкорӣ бо ҷаъмиятҳо ва муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ҷумҳурӣ, ки ба таъмир ва сохтмони роҳҳо фаъолият менамоянд, иборат аст. Бахши  сертификатсиякунонии хоҷагии роҳҳо ба шуъбаи танзими роҳи  Хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамкории зич дошта, ҷиҳати бо сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ ва салоҳиятнокии касбии кормандони ҷаъмиятҳо ва муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомабилӣ барои фарогирӣ намудан ҳамарӯза корбарӣ менамояд.

Ҳоло, ки мо дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни давлатӣ Истиқлолии миллӣ қарор дорем, 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳуртии Тоҷикистонро ба ҳамаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ва дар симони онҳо тамоми сокинони кишвари озоду ободамонро муборакбод менамоем.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда бод!

Мудири бахши сертификатсиякунонии хоҷагии роҳҳои КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Насимҷон Азизов

20230904_105328-1-300x169 САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

scroll to top