Close

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “БОНУИ ҲУНАРМАНДИ СОҲА”-И НАҚЛИЁТ, МУДИРИ БАХШИ УМУМИИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ИМОМАЛИЕВА АЗИЗА ШУД

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ҲУНАРМАНДИ СОҲА”-И НАҚЛИЁТ, МУДИРИ БАХШИ УМУМИИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ИМОМАЛИЕВА АЗИЗА ШУД

 

Санаи 3 марти соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Шӯрои занони Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти, миёни занону бонувони Дастгоҳи марказӣ ва корхонаю муассисаҳои тобеи он озмуни “Бонуи ҳунарманди соҳа” баргузор гардид, ки дар он мудири бахши умумии КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Имомалиева Азиза сазовори ҷойи аввал гардид.

 Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз рўйи панҷ номинатсия: 1.Навиштани ҳикоя, қисса, монолог, мақола ё иншо дар мавзӯъҳои Модар, Ватан, Зан, Баҳор ва Одоби оиладорӣ. 2.Қироати шеър дар васфи “Модар”, “Ватан”, “Зан”, “Баҳор”, “Муҳаббат”. 3.Буридани хамир барои таоми миллии “оши бурида”. 4.Ҳунарнамоии мусиқӣ: сурудхонӣ, рақс ё навозиши асбобҳои мусиқӣ. 5.Санҷидани истеъдоди ҳунармандии иштирокчиён: дӯзандагӣ, бофандагӣ, мӯйбофӣ ва ғайра, ки аз ҳунарҳои миллӣ мебошанд, доир гардид.

20210303_112950-1024x461 ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “БОНУИ ҲУНАРМАНДИ СОҲА”-И НАҚЛИЁТ, МУДИРИ БАХШИ УМУМИИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ИМОМАЛИЕВА АЗИЗА ШУД
scroll to top