“Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистонраванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст”.
Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Россия: (Маҷаллаи “Огонёк”, соли 1999)

“Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инонидавлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд”.
Ҷорҷ БУШ, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (солҳои 2001 — 2009):

“Дар Қазоқистон бо қаноатмандӣ зикр мекунанд, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Ва ин бидуни шубҳа, хизмати бузурги Президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов мебошад. Ғалабаи боварибахши ӯ дар интихобот аёнан нишон дод, ки то чӣ андоза обрӯю эътибори Сарвари давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд аст, то чӣ андоза халқи тоҷик ояндаи худро бо ӯ пайвастааст”.
Нурсултон НАЗАРБОЕВ, нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон: (Аз мусоҳиба бо рӯзномаи “Курьер Таджикистана”, 13 июни соли 2000)

“Ман чунин ҳисоб мекунам, ки Президент Раҳмонов тавонист, ки дар солҳои охир кори бузургеро анҷом диҳад — миллатро муттаҳид намояд, раванди оштии миллӣ ва ризоиятро оғоз кунад. Имрӯз ин раванд бебозгашт шудааст ва мо, тамоми кишварҳои ҳамҷавор аз ин хеле шодем. Ин саҳми бузург дар мусолиҳаи миллӣ, истиқрори сулҳ ва рушди минбаъдаи давлати тоҷикон аст”.
Аскар АКАЕВ, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (солҳои 1990 – 2005): (Аз мусоҳиба бо журналистони тоҷик, соли 1997)

“Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори собитқадам ва боистеъдод аст. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун Сарвари давлат на танҳо дар Ватани худаш, балки дар хориҷи он низ мавриди эътибор гардонидаанд”.
Владимир ВОРОНИН, Президенти Ҷумҳурии Молдова (2001 – 2009): (Аз мусоҳиба бо хабарнигор М. Тоштемиров, 6 ноябряи соли 2002)

Гирдоваранда – ИМОМАЛИЕВА А.




