Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллар баррасӣ шуд. 19 марти соли 2025 дар таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Вазорати молия, Намояндагии БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои иҷроия ва амаликунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ муҳокимаи сеҷонибаи маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии БОР 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 1 миллиард доллари ИМА дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, обёрӣ, сайёҳӣ, экология ва ғайра амалӣ карда мешаванд.
***
Дар шимоли Тоҷикистон роҳҳо бинобар сабаби ҳамоиши раҳбарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон муваққатан баста мешаванд. Дар Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд – Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров – дар рӯзҳои баргузории саммити сеҷонибаи раҳбарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯз ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора БДА ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад .
Тавре қаблан хабар дода шуд, мулоқоти президентҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон 31 март дар Хуҷанд дар назар аст. Сарварони се давлат ният доранд, ки созишномаро дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзҳои се ҷумҳурии ҳамсоя ба имзо расонанд. Ин як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад буд, зикр шуда буд дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қирғизистон.
29 март. Кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, роҳҳое, ки ба шаҳраки Ғафуров ва шаҳри Гулистон мебаранд, инчунин шоҳроҳи «Хуҷанд – Ғафуров», кӯчаҳои шаҳри Гулистон ва роҳи «Гулистон – Дадобой Холматов» баста мешаванд.
30 март. Маҳдудияти ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи «Хуҷанд – Ғафуров», инчунин ҷодаҳои шаҳри Хуҷанд: кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Раҳмон Набиев, «25 – солагии Истиқлолият» ва ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ дар микрорайони 3-юми шаҳр.
31 март. Ҳаракат дар маркази Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон пурра баста мешавад. Маҳдудиятҳо дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Солеҳ Раҷабов, Раҳмон Набиев, Раҳим Ҷалил, Рифъат Хоҷиев ва «25-солагии Истиқлолият» дар iаҳри Хуҷанд, инчунин дар роҳи «Хуҷанд – Ғафуров» амал хоҳанд кард.
1 апрел. Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, дар шоҳроҳи «Хуҷанд – Ғафуров», инчунин дар шаҳри Бӯстон ва шаҳраки Шохқадамбулок дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Илова бар ин, то 31 март вуруди воситаҳои нақлиёт ба вилояти Суғд аз ҷониби Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Истиқлол ва Ашт баста мешавад.
БДА аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки хатсайрҳоро пешакӣ ба нақша гиранд ва бе зарурати зиёд ба роҳ набароянд.
***
Бори аввал пас аз соли 2021 ҳавопаймои «Сомон Эйр» – и Тоҷикистон аз Душанбе ба Бишкек парвоз кард. Ҳавопаймо 14 марти соли 2025 соати 09:00 (07:00 мск) ба ҳаво хест: ин нахустин парвоз пас аз танаффуси чорсола аст. Дар ин бора ба расонаҳо сухангӯи ширкати ҳавопаймоӣ Тимур Бандишоев хабар дод.
Мувофиқа дар бораи барқарор намудани алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар натиҷаи гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Ҷапаров, ки 13 март дар Бишкек баргузор гардид, ба даст омад.
Парвози аввал тақрибан 100 нафар мусофиронро дарбар гирифт.Дар байни онҳо намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ, соҳаи сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва блогерҳо буданд.
***
Аз Душанбе ба ноҳияи Ховалинг парвози ҳавопаймо оғоз ёфт. Ширкати «Tajik Air» нахустин парвози чартерии худро тариқи хатсайри «Душанбе – Ховалинг – Душанбе» анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкат
Тибқи иттилои ширкат, ҳавопаймо 22 март соати 9:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз кардааст. Вақти сафар 27 дақиқаро ташкил дод. Дар дохили ҳавопаймо 17 мусофир буданд. Ҳамин қадар одамон бо парвози бозгашт ба пойтахт баргаштанд.
Парвозҳои мунтазам дар ин хатсайр ҳафтае як маротиба рӯзи шанбе анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 9:30 ва аз Ховалинг соати 10: 30 ба нақша гирифта шудааст. Нархи чипта дар як самт 350 сомониро ташкил медиҳад. Оғози парвозҳо ба ин минтақаи кӯҳӣ ба беҳтар кардани дастрасии нақлиётӣ байни пойтахт ва минтақаҳои ҷанубии кишвар равона шудааст.




