Ба истиқболи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» мизи мудаввар баргузор шуд
Аз рӯйи талаботи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Ин аст, ки дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир мешаванд. Вобаста ба ин, дар КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» мизи мудаввар дар мавзӯйи «Пешвои миллат, ифтихори мост» баргузор шуд. Рафти чорабинӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои директори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Муминов Лашкар Қиёмуддинович ифтитоҳ гардида, маърӯзаи мутахассиси пешбари ШКК Сониев М.Н низ шунида шуд. Дар баробари ин, табодули афкор сурат гирифт, ки аз Иҷлосияи таърихиву тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ, корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлатамон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.
Ба таъкиди директори корхона Муминов Л.Қ. сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ ва рамзу анъанаҳои миллӣ таҷассум меёбад. Ҳамаи ин заминаи муҳим барои дарки худшиносӣ ва комёб гардидан ба пешрафту дастовардҳои кишвар мебошад. Аз ин рӯ, «Рӯзи Президент», ки 16 ноябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, иқдоми некест барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар идома, гуфта шуд, ки марҳалаи басо мушкили давлатсозии мо тоҷикон, ки ба айёми ҷанги шаҳрванди рост меояд, касе зимоми давалатдориро ба даст гирифтан намехост. Дар ин миён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанхоҳӣ нидои сулҳу дӯстӣ сар дод ва миллатро ба Ваҳдату ягонагӣ даъват намуд. Маҳз аввалин суханони ӯ аз боби Ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии кишвар, рушди гуногуни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди сокини ватани азизамон Тоҷикистон будаданд. Дар чорабини зикр шуд, ки таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Дар идома, директор КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару сулҳхоҳ, ватандӯсту ватанҳоҳ ёдрас шуд.
Мутахассиси пешбари ШКК Сониев М.Н. аз таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз саҳми Сарвари давлат дар рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо таъкид карданд. у




