Филиалҳои зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҳамаҷониба барои истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Тамоми экспертони нуқтаҳои баркашӣ бо ташкил намудани шанбегии дастаҷамъона гирду атроф ва дохили хона – вагонҳоро тозаю озода намуда, Парчами миллӣ, ки ҳамчун нишонаи волои соҳибистиқлолию ватандорӣ мебошад, дар пешгоҳи нуқтаҳои баркашӣ насб намуданд.
Пешвози 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди ин Ватан боиси ифтихор ва сарфарозист. Тамоми кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ин ҷашни бузургро на танҳо бо баргузории корҳои ободонӣ, балки бо хизмати софдилона баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматрасониҳои барои роҳу нақлиёт муфид пешвоз хоҳанд гирифт.
КВД “МСКХСН”






