“Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.” Ин сухани умедворонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони соҳибиродаро водор ба он месозад, ки дар ҳақиқат ҳар як давлату миллат ояндаи худро маҳз ба ҷавонон месупоранд ва умед бар он мебанданд, ки пос доштани муқаддасоти миллӣ, ҳифзи анъанаҳои неки ниёгон, идомаи ободгароӣ ва азизу муқаддас доштани ин Ватани маҳбуб вазифаи ҷонию қарзи виҷдонии онҳо ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо дарк кардан душвор нест, ки давлату ҳукумат тамоми шароитҳои корию дарсомӯзиро барои тамоми қишри ҷомеа, махсусан барои ҷавонон дар сатҳи олӣ ба роҳ мондааст. Фаъолияти кории ҷавонон дар тамоми сохторҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, имкониятҳои корӣ ниҳоят фарох аст. Ҳар як ҷавон бояд омӯзад, таҷрибаи андухтаро истифода барад, ҳамешаталош бошад, он гоҳ як фарди ояндасоз буда метавонад. Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” шумораи кормандон аз ҳисоби ҷавонон кам нестанд, ки ин нишонаи боварӣ ба онҳост.
Эълон гардидани 23 май ҳамчун рӯзи “Ҷавонони Тоҷикистон” ин худ як нишонаи эҳтиром ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо ҷавонон, ҷавобан бар ин ҳама ғамхорию дастгириҳо кӯшии ҳамаҷониба ба харҷ хоҳем дод, ки ҳамеша номбардори ин миллату сарзамин бошем.
“Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ба кулли мардуми тоҷик, хусусан ба ҷавонони сарбаланди он муборак ва фархунда бошад!
ЗОИРОВ БУЗУРГМЕҲР
коргузори БАХШИ УМУМИи КВД “МСКХСН”





