Бо мақсади дар самти ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, арзёбии сифати касбӣ, кордонӣ, баландбардории сатҳи тайёрии касбӣ ва мувофиқати онҳо ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо фармоиши директори корхона “Оид ба таъсиси комиссияи аттестатсионии КВД “МСКХСН”” №43, аз 11 майи соли 2023 аттестатсияи навбатии кормандон бо фарогирии кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон, муовинон ва экспертони филиалҳои зертобеи корхона шуруъ аз 1 июни соли ҷорӣ ҷараён дорад. Дар кори аттестатсионӣ Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳодизода К.Ҳ., Бобоев З. – Сардори шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обии ХДНТСН, муовинони директори корхона, сармуҳандис, шуъбаи кадрҳо ва шуъбаи нозиротӣ иштирок дошта, донишу малакаи кормандонро санҷиш ва баҳогузорӣ намуданд. Ҳадаф аз ин дарёфти кормандони шоиста ва уҳдабаро буда, таъмини онҳо ба ҷойи кори мувофиқ мебошад.
КВД “МСКХСН”









