Close

МАРҲИЛАИ ТАЪРИХӢ: 70 СОЛИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар Душанбе ҷаласаи 53-юми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор шуд

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан (СҲРО) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони мақомоти нақлиёти давлатҳои аъзои созмон, намояндагони маъмуриятҳои роҳи оҳан, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои коршиносон иштирок намуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ифтитоҳи кори ҷаласа баргузории ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳанро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди долонҳои нақлиётии Авруосиё, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи нақлиёт ва таъмини рушди устувори ҳамлу нақли роҳи оҳанмуҳим арзёбӣ намуд.

Имсол вохӯрӣ аҳамияти махсус дорад, зеро он ба 70-солагии таъсиси  СҲРО (1956-2026) рост меояд. Аз ин рӯ  он вохӯрии муҳим барои давлатҳои аъзо  ҷиҳати дарки роҳи тайкардаи рушд ва мусоидат ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мебошад. Дар заминаи ҳамгироии васеи иқтисодии ҷаҳонӣ, интизор меравад, ки ин ҳамоиш барои ҳамаи ҷонибҳои  ширкаткунанда натиҷаҳои муфид  ба бор орад.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан дар давоми солҳои фаъолият дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳои Аврупо ва Осиё, рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва тавсеаи долонҳои нақлиётӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти созмонро дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор дода, масъалаҳои сиёсати нақлиётӣ, рушди инфрасохтори роҳи оҳан, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рақамикунонии хизматрасонӣ ва густариши ҳамкории бисёрҷониба дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳои транзитии минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои татбиқи ташаббусҳои вобаста ба ҳамгироии нақлиётӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

scroll to top