Close

Кишварҳои узви CAREC рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва навсозии инфрасохтори нақлиётиро баррасӣ карданд

Ҷаласаи 23-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба нақлиёт (КҲН) – и  Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ; CAREC)  8-9 июн дар Улан-Батор (Муғулистон) баргузор шуд. Дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Вазир Шоиста Саидмуродзода  ширкат карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои асосии рушди системаи нақлиётии минтақа дар доираи Стратегияи нақлиётии ҲМИОМ, аз ҷумла навсозии долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, афзоиш бахшидани самаранокии хатсайрҳои транзитӣ, рушди роҳҳои автомобилӣ ва таҳкими робитаҳои нақлиётӣ байни давлатҳои иштирокчӣ баррасӣ карда шуднд.

Ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи роҳу нақлиёт, инчунин баланд бардоштани сатҳи  бехатарӣ ва устувории шабакаи нақлиётии минтақа  диққати махсус дода шуд.

Зимни суханронии худ дар ҷаласа муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ба иштирокчиен дар бораи рушди  долонҳои байналмилалии нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи ҲМИОМ ва бо дастгирии шарикони байналмилалӣ маълумот пешниҳод намуд.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон, бинобар мавқеи стратегии худ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз иқтидори баланди транзитӣ бархурдор аст. Тӯли роҳҳои автомобилӣ зиёда аз 26 ҳазор км, шабакаи роҳи оҳан 958 километрро дар бар мегирад. Аз қаламрави ҶТ 10  долони байналмилалӣ мегузарад, ки 4  адади онҳо долонҳои ҲМИОМ мебошанд ва барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, савдо ва ҳамкории минтақавӣ аҳамияти муҳим доранд.

«Рушди инфрасохтори нақлиётӣ яке аз авлавиятҳои давлатии кишвари мо  мебошад», – иброз дошт ӯ  ва илова намуд, ки Тоҷикистон ба инкишофи робитаҳои нақлиетӣ ва логистикӣ дар минтақа фаъолона мусоидат мекунад. Моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе Созишнома дар бораи таҳкими  алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид, ки ба рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, транзит, долонҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ равона шудааст.

Дар доираи раесати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ соли 2025 бо ташаббуси  кишвари мо Стратегияи рақамикунонии  долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои аъзои ИДМ таҳия гардида, 29 сентябри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод тасдиқ гардид. Ҳуҷҷат ба рушди ҳамгироии рақамии маҷмааи нақлиётӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли байналмилалӣ, содда кардани расмиёти транзитӣ ва  таҳким бахшиидани робитаи нақлиётӣ дар  қаламрави ИДМ равона шудааст.

Дар иҷлосияи 82-уми ЭСКАТО (ESCAP) СММ, ки 20-24 апрели соли 2026 дар Бангкок баргузор  шуд, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул гардид, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ ва логистика бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором  қатънома қабул гардид.

«Тоҷикистон барои рушди долонҳои алтернативии нақлиётӣ, ки Чин ва Аврупоро тавассути Осиёи Марказӣ ба щам мепайванданд, фаъолона кор мекунад. Долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» имкон медиҳад, ки бор аз Чин ва Осиёи Марказӣ ба Аврупо интиқол дода шавад», – таъкид кард муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва роҳи кӯтоҳтар ба Аврупо, дастрасӣ ба бандарҳои Эрон, Туркия ва бозорҳои байналмилалӣ бидуни баромадан ба баҳр, рушди тиҷорат миёни Чин, Осиёи Марказӣ ва Аврупоро  аз бартариҳои  долони мазкур номид.

Бо назардошти вазъи кунунии геополитикӣ, Шоиста Саидмуродзода пешниҳод намуд, ки хатсайри «Тоҷикистон – Покистон – Чин», ки ба  туфайли Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Покистон «Дар бораи савдои транзитӣ» аз 14 декабри соли 2022 ва Созишномаи моҳи сентябри соли 2025 байни ҳукуматҳои ҶТ ва ҶМЧ имзошуда дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ ташкил шудааст, ҳамчун долони алтернативӣ баррасӣ карда шавад.

«Ин масир метавонад имкони дастрась ба бандарҳои Покистон дар Баҳри Арабро    фарҳам орад ва роҳи иловагии нақлиётро барои тиҷорат байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ  муҳайё созад», – гуфт ӯ.

Илова бар ин, муовини Вазири нақлиёти ҶТ зикр кард, ки бо мусоидати молиявии Бонки осиеии рушд (БОР) роҳҳои автомобилгард дар самтҳои калидии дохилӣ ва минтақавӣ дар доираи Барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) таҷдид ва навсозӣ карда шуданд.

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР СОМОНАИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶТ

scroll to top