Close

ОСИЁИ МАРКАЗӢ РОҲҲОИ НАВИ ТРАНЗИТӢ МЕҶӮЯД. Долони мултимодалӣ аз Чин ба Аврупо тавассути Тоҷикистон масири ояндадор номида шуд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шароити тағирёбии робитаҳои нақлиётии пешин ва шиддат гирифтани муқовимат байни марказҳои асосии ҷаҳонии қувва қарор доранд, маҷбур мешаванд, ки роҳҳои нигоҳ доштани дастрасӣ ба бозорҳои хориҷиро ҷустуҷӯ кунанд. Дар ин бора дар Гузорише, ки Маркази омӯзиши мушкилоти рушди нақлиёт ва логистикаи назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон ва Маркази ташаббусҳои тадқиқотии «Маъно» бо дастгирии Хазинаи PeaceNexus ва Сафорати Швейтсария дар Қирғизистон омода ва нашр карданд, зикр  шудааст.

Дар ин санад як навъ кӯшиши ҷамъоварии назари минтақавӣ ба дурнамои ин хатсайр ба кор бурда шудааст. Тадқиқот ба 36 мусоҳибаи коршиносон ва панҷ гурӯҳи тамаркуз бо намояндагони соҳаи нақлиёт ва логистика дар панҷ кишвар, ба истиснои Туркманистон, асос ёфтааст.

Дар Гузориш коршиносон кӯшиш мекунанд, ки  пайкарбандии ҷараёнҳои транзитӣ ба Аврупоро муайян кунанд. Ба ақидаи таҳлилгарон, яке аз чунин роҳҳо рушди хатсайри Транскаспий ё Долони миёна: Чин – Осиёи Марказӣ –  Каспий – Қафқози Ҷанубӣ – Аврупо мащсуб меёбад.

Дар Гузориш омадааст:

Дар асоси таҳлил, дар шароити муосир аллакай имрӯз ба ташаккули долонҳои мултимодалии ояндадор шурӯъ кардан лозим аст:

«Чин – нақлиёти автомобилӣ – Қирғизистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Иттиҳоди Аврупо»;

«Чин – нақлиёти автомобилӣ – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Иттиҳоди Аврупо».

Пас аз татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон –Узбекистон» ва «Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон» имконият  фароҳам меояд, ки қисми ҷараёни борҳо ба Долони Ҷанубӣ равона карда,  долонҳои  зерин ташкил дода шаванд:

«Чин – Қирғизистон – Узбекистон – Тоҷикистон (қитъаи Суғд) – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Иттиҳоди Аврупо»;

«Чин-нақлиёти автомобилӣ – Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – ИА».

Мувофиқи пешгӯии Бонки рушди Авруосиё, ки муаллифони Гузориш ба он  истинод мекунанд, ҷараёни бор тавассути се  долони асосӣ тавассути Осиёи Марказӣ (долони марказии авруосиёӣ, ТРАСЕКА ва Хатсайри шарқии  долони  байналмилалии нақлиетии «Шимол-Ҷануб») то соли 2030 аз рӯи сенарияи мақсаднок 1,5 маротиба, яъне  то 95 миллион тонна  зиёд мешавад. Интиқоли контейнерҳо боз ҳам тезтар афзоиш хоҳад ёфт — тақрибан аз се ду ҳисса, то 1,7 миллион адад контейнерҳои андозаи ҳар кадомашон  бист фут (1 фут  баробари 0,3048 метр).

Мутобиқи стратегияи рушди соҳаи нақлиёти ҳар як кишвари минтақа афзоиши қобилияти интиқоли қитъаҳои роҳи оҳан дар самти Долони Миёна чунин пешбинӣ шудааст: дар Қазоқистон то 25 миллион тонна  бо ҳисоби солона, дар Қирғизистон то 5 миллион тонна (ҳангоми татбиқи сохтмони хатти роҳи оҳани «Чин–Қирғизистон–Узбекистон») ва ҳаминн миқдор дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон.

«Тағйири вазъи байналмилалӣ, такони рушди иқтисодии минтақа, мустақилияти идорашавандаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ ва баҳисобгирии таҷрибаи қаблии норасоии ҳамкории минтақавӣ ба афзоиши муттаҳидшавӣ дар минтақа мусоидат карданд», —  навиштаанд муаллифони гузориш.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи Мулоқоти 6-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи августи соли 2024 дар Остона баргузор гардид, президентҳо дар изҳороти муштарак Харитаи роҳро оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027 тасдиқ намуда, Консепсияи рушди кооперасияи минтақавии «Осиеи Марказӣ – 2040» – ро имзо карданд.

Дар доираи ин Мулоқоти машваратӣ инчунин аз ҷониби аъзои ҳайатҳои расмӣ Ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи  Вохӯрии дуюми вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расиданд.

scroll to top