Таҷҳизотҳои вазнченкунии муосири худкор метавонанд, иҷрои талаботи қоидаҳои роҳандозии воситаҳои нақлиет бо вазн ва андозаҳои аз меъерҳои муқарраргардида зиёдро, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №779 қабул карда шудааст, таъмин намоянд.
Ба ин мақсад, КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи наклиёт” тибқи шартнома таҷҳизотҳои вазнченкунии муосири худкори тамғаи DCS-30 (дорои як платформа)-ро ки бо барномаи рақамии иттилоотӣ таъмин гардидааст, харидорӣ намуда, дар нуқтаҳои баркашии корхона насбу васл намуд.
Системаи нави муосир бо таҷҳизоти вазнченкунии муайянкунандаи паҳноӣ ва баландӣ, шинохти лазерии меҳварҳои чарх, барои муайяннамоии сарборӣ ба тири меҳвар ва вазни пурраи воситаҳои нақлиёти боркаш муҷаҳҳаз гардида, бо усули ултра-муайянкунӣ вуруди воситаи нақлиётро дар роҳҳои автомобилгард (ҳангоми ҳаракати камсуръат) тавассути системаи овозӣ ва тахтаи иттилоотӣ вазн ва андозаҳои воситаи нақлиётро муайян намуда, маълумотҳои воситаи нақлиётро дар система пурра нишон медиҳад.
Системаи вазнченкунии автомобилии худкор иборат аст, аз:
- Система вазнченкунӣ
- Система шинохтани рақами давлатии воситаи нақлиёт
- Система сабти овоз
- Системаи тасвирии LED
- Система шинохти тири меҳварҳо
- Маҷмуи назоратӣ – андозагирии дарозӣ – паҳноӣ – баландӣ.
Системаи таҷҳизоти вазнченкунии тамғаи DCS-30 (иборат аз як платформа) асосан ҳангоми воридот ва содироти борҳо дар истгоҳҳои баркашӣ дар мавзеъҳои муайяншуда истифода мешавад.
Дастгоҳҳои вазнбардор ва сохтори ҳамрохшуда бо қобилияти қавӣ ва минтақаи калони назорати вазн, дақиқии баланди вазн, ҳифозати маводҳо хизмат мерасонад. Истифодаи сохтори беназири механикии вазн мушкилоти халалдоркунии дақиқии тарозуи динамикиро ба монанди тасодуфии калони пойгоҳи чархҳои воситаи нақлиёти боркаш, шинаҳои чандир ва суръати нобаробар ҳангоми гузариши воситаи нақлиети боркаши бо суръати баланд ҳал мекунад.
Бартариҳои Системаи вазнченкунии динамикии автомобилии худкор
- Бартарии асосии Системаи вазнченкунии динамикии автомобилии худкор таъсири иҷтимоию иқтисодии он мебошад, ки дар ҳифзи ҳаёти одамон ифода ёфтааст. Ин самара тавассути пурзӯр намудани чораҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва алгоритмҳои идоракунии системаҳои интеллектуалии нақлиёт ба даст оварда мешавад.
- Афзоиши даромадҳо ба буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳое, ки барои вайрон кардани Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои азмеъёрҳои муқарраргардида зиёди бор ситонида мешаванд (дар ҳолати ба танзим даровардани Тартиби ситонидани ҷарима).
Тартиби кори таҷҳизоти муосири вазнченкунии автомобилии тамғаи DCS-30 (иборат аз як платформа) чунин аст:





