Рўзи нақлиётчиён, ки ҳамасола рўзи 25 уми июл дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин ҷашни бо шукўҳро ҳамаи кормандони соҳа бо дастовардҳо ва пешравиҳо истиқбол мегиранд.
Яке аз мақсадҳои асосии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар баробари хизматрасонӣ ноил гардидан пешравиҳо ва натиҷаҳои хуб мебошад.
Директори Корхонаи Воҳиди Давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соњаи нақлиёт” Саидзода Сайфиддин бо истифода аз фурсати пешомада тамоми ҳамкасбон ва дар симои онҳо кулли нақлиётчиёни ҷумҳуриро бо ин иди касбиашон табрик намуда, барояшон тансиҳативу саотадмандӣ, шодию фараҳмандӣ ва дар рушд ёфтани касбу корашон дастовардҳои ҷадидро таманно намуд.
Мавсуф гуфт, ки имрўз ки дар арфаи Рўзи нақлиётчиён қарор дорем, мехосатам, ки роҷеъ ба пешравиҳои корхона суҳбат намоем.
Барои фаъолияти ҳамарўзаи худ ин воҳиди сохтории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимоди қонуниро дар ихтиёр дорад, ки дар коркарду амалӣ намудани онҳо мутахассисони Дастгоҳи марказии вазорат саҳми бевосита доранд. Яке аз масъалаҳои муҳими самаранок истифодабарии иншооти нақлиётии таҷдиду бунёдгардида, ин таъмини иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии тангзимкунандагони гузариши воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар мебошад. Ба қатори мақомоту ниҳодҳо, ки таъмини иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зикргардидаро ба ўҳда доранд, КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” низ шомил мебошад ва дар ин кор муваффақ ҳам шуданд.
Нуқтаҳои баркашии мансуби корхона бо таҷҳизоти баркашӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки хизматрасониҳо дар самти дақиқ баркашии вазнҳои воситаҳои нақлиёти боркаш ба маротиб беҳтар гардидааст.
Аз тарафи кормандони корхона дар якҷоягӣ бо масъулони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва мутахассисони ҶСК “Ориёнбонк” дар ҷамъиятҳои боркашонии марбути соҳаи нақлиёт бо мақсади анҷом додани пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо дар нуқтаҳои баркашӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди истифодабарии кортҳои бонкӣ гузаронида шуда истодааст, ки дар натиҷа ҷамъияту ширкатҳои боркашонӣ бо корти бонкӣ таъмин гардида, истифодаи он зери назорати масъулин мебошад.
Дар асоси иҷрои супориши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди Ҳукумати электронӣ, вобаста ба рақамикунонӣ ва барномасозӣ дар самти рақамикунонии фаъолияти соҳа то ба имрӯз як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, ворид ва чоп намудани сертификатҳои баркашӣ, мутобиқати кор ва хизматрасониҳо ва салоҳиятнокии касбӣ ба итмом расидааст. Барои сари вақт ва ба таври оҷилӣ пур кардани сертификати баркашӣ ҷустуҷӯ бо рақами давлатии воситаҳои нақлиёт илова гардидааст. Ҷиҳати бартараф намудани маҳдудиятҳо корҳо дар ин самт идома дошта, интегратсияи маълумотҳо бо банкоматњои ҶДММ “Пайванд Гуруҳ” ва ҷобаҷогузории тартиботи маълумотҳои воридгардидаи истифодабарандагонро ба роҳ монда, ҳамзамон дар яке аз модулҳои базаи ягона корҳои ҷобаҷогузории рўйхати сертификатҳои мутобиқати кору хизматрасонҳои соҳаи нақлиёт идома дорад. Корҳо ҷиҳати ворид намудани барномаи рақамикунонӣ оиди сертификатҳои баркашӣ, мутобиқат ва салоҳиятнокии касбӣ ба сервери Вазорати наќлиёт давом доранд.
Тамоми нуқтаҳои баркашии корхона ба истиснои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо таҷҳизотҳои банавогирӣ таъмин гардида, дар нақша аст, ки дар кутоҳтарин муҳлат дар нуқтаҳои баркашии ВМКБ низ камераҳои мушоҳидавӣ васлу насб карда хоҳад шуд.
Бо мақсади батанзимдарорӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва пурра пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн бо дигар мақомотҳои назоратии соҳаи нақлиёт ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёти гаронвазн боздошт ва ба меъёрдарорӣ шуда истодааст.
Дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҷамъияту ширкатҳо оид ба пешгирии гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва эмин нигоҳ доштани роҳҳо аз вайроншавии бармаҳал корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст.
Корхона дар фаъолияти худ оид ба иҷроиши вазифаҳои дар пеш гузошташуда, ҷиҳати сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт тамоми чораҳои заруриро меандешад гуфт дар охири суҳбат директори корхона Саидзода Сайфиддин.
Нашрияи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
“НАҚЛИЁТ” №21 (1056) соли 2023





