Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011, №569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди умумӣ», кормандони Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо экспертони КВД “МСКХСН” ҳамарӯза фаъолияти худро дар нуқтаҳои назоратию баркашӣ пурзӯр менамоянд.
Назорати шабонарӯзии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва қатъиян риоя намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ дар соатҳои муайяншудаи рӯз аз ҷумлаи вазифаҳои асосии нозирон ба шумор меравад. Ин тадбирҳо бевосита барои пешгирӣ аз харобшавии бармаҳал ва нигоҳдории сифати роҳҳои автомобилгарди мамлакат равона карда шудаанд.
Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд бор намудани воситаҳои нақлиёт, нисбати ронандагон ва шахсони масъул тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешаванд.
Бо мақсади бартараф кардани хавфи зараррасонӣ ба кони роҳ, бори аз меъёр зиёди воситаҳои нақлиёт дар ҷойи ҳодиса фароварда шуда, интиқоли минбаъдаи он тавассути дигар воситаҳои нақлиёти мувофиқ таъмин карда мешавад.
Риояи маҳдудиятҳои мавсимии вазну сарборӣ – кафили дарозумрии роҳҳои автомобилгард.




