Close

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ…

Ғалаба! Чӣ истилоҳи ҳаяҷонбахш. Чӣ хотираҳо аз майдони набард. Чӣ ҷонфидоиҳо баҳри Ватан. Чӣ сарсупурданҳо баҳри миллат…
Ин сатрҳо на танҳо барои нафароне, ки мардонавор ҷангиданд, балки барои тамоми мардуми сайёра бо шиддати баланд садо медиҳад. Барои поси хотири шаҳидон таҷлили Иди Ғалаба ҳар сол санаи 9 май ҳамчун иди умумихалқӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.
Солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинон бо иродаи матин ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ талошу ҷонбозиҳо намудаанд. Беш аз 90 ҳазор нафарашон дар роҳи ҷанг қурбон гашта, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чӣ хуб, ки тамоми ин як хотирот асту бас. Дигар номи наҳси ҷанг зери мафҳуми Истиқлолият маҳв гардидааст. Зери сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистони офтобрӯяи мо сулҳу салоҳ барқарор аст.
Ба шукргузорӣ аз мули осоишта Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” тамоми мардуми шарафманди тоҷик ва дар симои онҳо тамоми аҳли башарро бо Иди Ғалаба, иди мардонагӣ, иди матонату шуҷоъат муборакбод гуфта, таманниёти бузурги сар то сар сулҳу амонӣ, хоҳишмандӣ саломатӣ ва умедвории Истиқлолияти ҳазорсоларо дорад.
ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ… ва то садсолаи дигар фаромӯш нахоҳад шуд….

Роҳбарияти КВД “МСКХСН”
1025509198_0_0_4616_2597_1920x0_80_0_0_75ab480b011182dd85dfdd7a3aab7522-300x169 ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ...

1031210940-300x200 ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ...

1048218455_0_160_3072_1888_2072x0_60_0_0_90ba41cacde9338be6966844bd9721f6-300x169 ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ...

1588224458_veteran_veterany_6712_mos.ru_-e1561118162271-300x199 ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ...

scroll to top