Close

Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” чорабинии идона баргузор гардид.

Сараввал пеш аз оғози чорабинӣ аз ҷониби иштироккунандагон суруди миллӣ ба таври зинда хонда шуд.

Сипас муовини якуми директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт ” Рауфзода А.Р. баромад намуда, ҳозиринро бахшида бахшида ба  34 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд намуд, ки  ҳар як миллат ва ҳар як давлат рӯзи таърихии худро дорад, ки ҳамчун рамзи озодӣ, худшиносӣ ва худмуайянкунӣ дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мешавад. Барои мардуми тоҷик чунин санаи бузург 9 сентябри соли 1991 аст. Дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун кишвари мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой гирифт. Ҳамин тавр, 9 сентябр танҳо як санаи таърихӣ нест, балки рамзи орзую умеди мардуми тоҷик барои зиндагии озод, ором ва шоиста мебошад. Рӯзи Истиқлолият моро водор месозад, ки бо ҳисси ифтихор ба гузашта назар андозем ва бо масъулияти баланд барои ояндаи дурахшони Ватан кӯшиш намоем. Азизу муқаддас ва устувор нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо вазифаи ҷонии ҳар яки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон аст. Расидан ба қадри истиқлол ва мустақилият, ҳисси ватандустӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзи давлатдорӣ  – ҳамаи ин дар маҷмуъ моро водор менамояд, ки фарди созандаву бунёдкори миллати хеш бошем. Моро месазад ба қадри ҳар як неъмати ин сарнавишти нек аз ҷумла яке аз неъматҳои бузургтаринаш, ки сулҳу субот  мебошад ва он сароғози шодиву фараҳи мардуми мо гардид ва моро ба ҷомеъаи ҷаҳони наздик намуд,  бирасем.

Муовини директори корхона Ахунов Ҷ.М. низ дар бораи ин ҷашни пуршукуҳ сухан намуда,  қайд намуданд, ки таърих собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ бидуни соҳибистиқлолии комил арзишҳои бунёдӣ надорад. Ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳои халқу мамлакати тоҷикон аз муттаҳидӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандон дарак медиҳад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки миллати сулҳпарвари мо пас аз хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳанги баланд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Яке аз хизматҳои бузурге, ки Сарвари давлатамон дар давраи истиқлолият ба анҷом расонид, ин баргардондани гурезаҳо ба кишвар ва таъмини сулҳу ваҳдати сокинон буд. Дастоварди дигари сиёсии сокинони мамлакат бо сарварии Ҷаноби Олӣ ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1994) қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он низоми нави қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва кишвари мо дорои рамзҳои муқаддаси Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Сухани навбати дар чорабини мазкур ба сармуҳандиси корхона Саидов Д.А. дода шуда  зикр намуданд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву чор сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвараш баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андишад. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталиф кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.

Мафҳуми Истиқлолиятро дар ҳамоиши имрӯза сардори шӯъбаи кадрҳо Вализода Ф.Ҷ.  иброз доштанад, ки Истиқлол неъмати пурарзише аст, ки халқи моро соҳиби комилҳуқуқӣ ва озодӣ намуд, мо ва фарҳангу маданияти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.  Бо шарофати ин ҳадяи бебаҳо мо ба як қатор дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ноил шудем. Ҳар миллату халқият дар таърихи худ рӯйдодҳои муҳиму бузурге дорад, ки зиндагии минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои асрҳо рушан месозад.Истиқлоли мо барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин сарнавишти бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар таърихи куҳанбунёди мо тағйироти куллиро ба вуҷуд овард.Дигар кормандони корхона низ бахшида ба рузи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.

Бигзор Истиқлолияти миллӣ чун қуллаҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бод.

Previous
Next
scroll to top