Close

Иштироки фаъолонаи ҷавонони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ва қадрдонии онҳо

Санаи 19-уми майи соли 2026 дар бинои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми майи соли 2026, №17625 (26.6), ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногуни кишвар таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид. Ин чорабинии шукӯҳманд ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуд.
 
Дар доираи ин ҳамоиши шукӯҳманд, намоиши дастовардҳои ҷавонони соҳа ташкил карда шуд. Кормандони ҷавони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар ин намоишгоҳ бо нишон додани дастовардҳои назарраси соҳаи назорат ва танзими нақлиёт дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла рақамкунонии соҳа, саҳми арзандаи худро гузоштанд.
 
Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ барои фаъолияти назаррас, саҳми арзанда дар рушди соҳа ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, як қатор кормандони ҷавони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо Сипосномаи Вазорати нақлиети Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
scroll to top