Рӯзи ҷаҳонии футбол: — рӯзест, ки шурӯъ аз соли 2024 дар саросари ҷаҳон ҳамасола 25 май ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои дӯстдорони бозии зебо ва пуршӯр — футбол, як фурсати хубест барои таҷлили муҳаббати беандоза ба ин варзиши оммавй ва васеъ паҳншуда дар тамоми гӯшаҳои дунё.
Бо ташаббуси беназири Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (САҒА), рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ расман эътироф гардид.
Ин икдом бори аввал 10 феврали соли 2024 дар ҷаласаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пешниҳод гардид. Пешниҳод бо мақсади баланд бардоштани аҳамияти футбол ҳамчун воситаи сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва рушду ҳамгироии иҷтимой ироа шуд. Футбол аз қадимулайём ҳамчун бозии оммавӣ ва ҷалбкунанда маъруф аст, ки наслҳо ва миллатҳоро муттаҳид месозад. Ин арзишҳо имрӯз дар сиёсати байналмилалӣ низ нақши муҳим доранд.
Пас аз баррасии муфассал, рӯзи 7 майи соли 2024, Маҷмааи Умумии СММ бо ҷонибдории якдилонаи кишварҳои аъзо пешниҳоди Тоҷикистонро қабул кард. Дар таърихи муосири варзиш ва дипломатияи ҷаҳонӣ ин як қадами муҳим ба ҳисоб меравад. Бо ин қарор, Созмони Милали Муттаҳид 25 май-ро расман ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Бо ин ташаббуси барҷаста, Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонй ҳамчун пешоҳанги рушди дипломатияи варзишӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ тавассути футбол муаррифӣ шуданд. Ин иқдом як намунаи возеҳи он аст, ки варзиш метавонад ба унсури муҳими сиёсати байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ табдил ёбад.
Футбол на танҳо як бозии оддӣ аст, балки як воситаи пурқуввати муттаҳидсозии миллатҳо, фарҳангҳо ва наслҳост. Он ҳисси дӯстӣ, якдигарфаҳмй ва ҳамкориро байни мардум зиёд мекунад.
Футбол як рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ аст. Рӯзи ҷаҳонии футбол — 25 май, моро водор месозад, ки ба ин бозии ҷолиб ва пурқувват ба таври дигар нигарем — на танҳо ҳамчун варзиш, балки ҳамчун воситаи ягонагӣ ва рушди иҷтимоӣ. Бигзор футбол дар дилҳои мо меҳри ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиро бедор кунад!
Бахшида ба ин, аз тарафи роҳбарияти КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» аз 04 майи соли 2026 миёни филиалҳои зерсохтории корхона бозиҳои футбол ташкил гардида, аз руи нақшаи футболи хурд гузаронида шуд.
Имруз, дар ин ҷамъомад барои ҷойҳои намоён ҳавасмандиҳои молӣю пулӣ ба ғолибон ва бозингарони беҳтарин ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва медалҳо низ аз тарафи роҳбарият қадрдонй ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.




