Close

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” САИДЗОДА С.С. БА МУНОСИБАТИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамкасбони гиромӣ!

        Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният менамоям.

Наврӯз иди куҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намуд.

Акнун Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст. Бо фарорасии Наврӯз фасли баҳорон, бедории табиат, қолини сабз пӯшидани кӯҳу саҳрои бекарони кишвар, кишту кори баҳории марди деҳқон оғоз ёфта,  бо як шукуҳу шаҳомати хоса аз ҷониби сокинони мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

Садои Наврӯз ҳар соли навбатӣ баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – мардуми моро сарбаланд ва шуҳратёр мегардонад.

Дар соли нави аҷдодӣ бори дигар ба шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандам.

Бо эҳтиром         Саидзода С.С.

scroll to top