Close

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” САИДЗОДА С.С. БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Бо камоли эҳтиром ҳамаи ҷавонони сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям!
Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ояндаи дурахшони миллат ва ифтихори Ватан мебошанд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистон бо дониш, ғайрат, ватандӯстӣ ва андешаҳои созандаашон Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.
Ҷавонони азиз бигзор ҳамеша дар роҳи зиндагӣ комёб, саломат, хушбахт ва сарбаланд бошед. Орзу дорам, ки ҳар яки шумо бо иродаи қавӣ ва мақсадҳои баланд ба қуллаҳои муваффақият расед ва ҳамеша барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошед. Ҷавонони иззатманди ватан бароятон тандурустӣ, бахти нек, муваффақият ва рӯзгори пурсаодат орзумандам.
Бигузор ҳамеша сарбаланду пирӯз ва комёбу муваффақ бошед, Рӯзи ҷавонон муборак!
scroll to top