Close

Табрикоти КВД «МСКХСН» бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор ва ҳуввияти миллии нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Бо ҳамин нияти нек, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт», тамоми мардуми Тоҷикистонро бори дигар бо самимияти беандоза бо иди Ғалаба 9-МАЙ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо – собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

Иди Ғалаба муборак бошад!

scroll to top