Close

МАҲДУДИЯТҲОИ МАВСИМИИ ВАЗН ВА САРБОРӢ БА ТИРИ МЕҲВАРИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ҲАНГОМИ ҲАРАКАТИ ОНҲО ДАР РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРДИ ИСТИФОДАИ УМУМ ОҒОЗ ГАРДИД.

КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 №569 “Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум” бо мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз санаи 1-уми май то 31-уми августи соли ҷорӣ, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рӯзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 манъ аст, оғоз гардид.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки риояи муқаррароти болозикрро ба таври қатъӣ таъмин намоянд. Дар сурати ошкор намудани қоидавайронкуниҳо дар роҳ, нисбати ронандагон ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

scroll to top