
Санаи 22 феврали соли ҷорӣ дар бинои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Директори Корхонаи воҳиди Давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Саидзода Сайфиддин Саидҷафар бо Дипломи Донишгоҳи давлатии техникии роҳу нақлиёти Маскав бо ихтисоси тадқиқотчии бехатарии лоиҳакашӣ ва ташкили сохтмони технологияи истеҳсолии роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои сунъӣ сарфароз гардид. Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби намояндаи МАДИ дар давлатҳои Осиёи Миёна хонум Зумрат Арипова ба Саидзода С.С. тақдим гардид. Донишгоҳи МАДИ бонуфузтарин маркази таълими дар Осиёи миёна ба ҳисоб рафта барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт нақши муҳим дорад.



