Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.
Тавассути маводҳо дар ин бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.
Полиси суғурта доштан ҳатмист
Баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт ба мо занг мезананд ё ба қабулгоҳи электронии вазорат муроҷиат мекунанд ва мепурсанд, ки оё ҳангоми манъ кардани мошин аз ҷониби нозири БДА барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бо худ доштани полиси суғурта ҳатмист?
Бале, албатта, тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018, нозири БДА метавонад ҳуҷҷатҳои зеринро санҷад: ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ронанда ва мусофирон, ҳуҷҷатҳои мошин ва бор, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифода ва идоракунии мошин, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақами бордон, рақами шассии воситаи нақлиёт, рақами бақайдгирии давлатии воситаи нақлиёт, полиси суғурта, талони муоинаи техникӣ, инчунин, тибқи тағйиру иловаҳои имсол ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» воридшуда – талон дар бораи пардохт барои утилизатсия.
Мутобиқи Кодекси ҶТ«Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» аз 31 декабри соли 2008, идоракунии воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандае, ки ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар даст надорад, аз ҷумла, агар ҳуҷҷатҳои зикршуда гум ё дуздида шуда бошанд ва ё мӯҳлати амалашон гузашта бошад, боиси огоҳӣ мегардад. Ҳамин амалҳо агар дар давоми як соли пас аз татбиқи чораҳои ҷазои маъмурӣ такрор карда шаванд, боиси ҷарима дар ҳаҷми аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегарданд.
Тавре мебинем, барои ронанда бо худ доштани полиси суғурта ҳатмист.
Қонун чӣ мегӯяд?
Чор сол пеш дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» аз 7 августи соли 2020 таҳти рақами 1719 қабул шуда буд. Он аз 1 январи соли 2021 эътибор пайдо кард.
Қонун суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт, меъёрҳои суғурта, ҳадди аксари ҷуброни зарар, ҳуқуқи шахсони суғурташуда ва масъулияти ширкатҳои суғуртаро дар кишвар танзим менамояд.
Дар ҷумҳурии мо суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт то қабули ин қонун низ вуҷуд дошт. Соли 1996 Ҳукумати ҶТ қарор «Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» – ро қабул кард. Аммо дар он тавсифи муфассали ҳолатҳои суғурта, маълумот дар бораи тарифҳо ва маблағи ҷубронпулӣ мавҷуд набуд. Барои таъин кардани тарифҳо ва андозаи ҷубронпулӣ Ҳукумати кишвар ҳар сол замимаи алоҳидаи ин қарорро тасдиқ мекард.
Ғайр аз ин, ҳуҷҷат ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда ва суғурташавандаро шарҳ намедод. Гарчанде ки суғуртаи ҳатмӣ вуҷуд дошт, аммо пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ нашуда буданд.
Қонуни нав дар баробари суғурта пардохтро низ ҳатмӣ гардонид. Қонун ширкатҳои суғуртавиро вазифадор мекунад, ки дар сурати зарар расонидан ба молу мулк ва саломатии дигарон маблағи пурраи суғуртаро пардохт намоянд.
Яъне, ҷуброни зарар танҳо дар сурате сурат мегирад, ки ронандаи мошини суғурташуда дар садама гунаҳкор бошад. Дар сурати садама бо иштироки ду тараф, ҷуброн ба тарафе дода мешавад, ки зарар дидааст, аммо гунаҳкор нест.
Click Here
Click Here
Click Here
Click Here
Click Here
Click Here
Previous
Next
Post Views: 250




