Close

РАФТИ ТАЪМИНИ ИҶРОИ ТАЛАБОТИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН № 779 аз 29.12.2006

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №779 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёри муқарраршуда зиёданд» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, назорат ва баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳолати аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд будани вазни воситаи нақлиёт, ҳуҷҷатҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шуда, бори зиёдатӣ ба танзим дароварда мешавад.

Раванди таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам зери назари роҳбарияти КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» қарор дорад.

Борфарории воситаи нақлиёти боркаш бо бори аз меъёр зиёд дар нуқтаҳои баркашии корхона бо тартиби зерин ба қайд гирифта мешавад:

scroll to top