Close

ҶАМЪБАСТ ВА НАҚШАҲО. Дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид

yiFfOpzRhSlwMyIV46LTP8zZhaCG8YSLHEhBrMfE ҶАМЪБАСТ ВА НАҚШАҲО. Дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид

12 июл ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2024 доир гардид.

Дар ҷаласа Вазири нақлиёт, Раиси ҳайати мушовара Азим Иброҳим, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони идораю муассисаҳои зертобеи Вазорат ва фаъолони соҳа иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҳмуд Амирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷаласаро Вазири нақлиёти ҶТ, Раиси ҳайати мушоввара Азим Иброҳим оғоз намуд ва зикр кард, ки Вазорат ва муассисаҳои тобеи он тайи шаш моҳи аввали соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои тарҳрезишуда корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Муфассал дар сомонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон

 

scroll to top