Close

БА СИФАТ АВЛАВИЯТ ДОДА МЕШАВАД. Соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистонро дар соли 2025 боз чӣ интизор аст?

Previous
Next

Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва истифодаи имкониятҳои транзитӣ яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад.Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

Дар соли 2025 соҳаи роҳу нақлиёти кишварро боз  чӣ интизор аст?

Роҳҳои нав ба истифода дода мешаванд

Дар Тоҷикистон соли 2025 татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва  долонҳои зидди тарма идома хоҳад ёфт.

Дар нимаи аввали соли 2025 дар ВМКБ  бунёди қитъаи роҳи «Қалаихум – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон» бояд ба анҷом расад. Бо туфайли ду нақб дарозии умумии ин қитъаи роҳ 16 км коҳиш меёбад. Яке аз нақбҳо 1,8 км,  нақби дуввум 3,4 км дарозӣ дорад.

Ҳамчунин дар мавзеи Барсеми  ВМКБ сохтмони 4,5 километр роҳҳо, 550 метр долонҳои зидди тарма, пули дарозиаш 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пули дигар бо дарозии 200 метр аз болои дарёи Ғунд ва дар ҳудуди вилояти Суғд барқарорсозии 52 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба анҷом мерасад.

Тӯли ду соли оянда дар кишвар  даҳҳо километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, пулҳо, нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

scroll to top