Close

5 ноябри соли 2025 дар бинои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ нахуст бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас аз тарафи роҳбарияти корхона ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди кишварро ба ин ҷашни фархунда табрик намуданд.

6 ноябр — санаи таърихӣ ва пурифтихори миллати тоҷик аст. Дар ҳамин рӯз, соли 1994, пас аз солҳои пурмашаққати оғози истиқлолият, мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ин рӯйдод барои тақвияти пояҳои давлатдорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро ба танзим медарорад.

Конститутсияи Тоҷикистон як санади зинда ва мутобиқшаванда ба шароити нави замон мебошад. Омӯзиши Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро беҳтар дарк намуда, нисбат ба давлат ва ҷомеа масъулият ҳис намояд. Танҳо бо донистан ва риояи Конститутсия метавонем як ҷомеаи адолатпазир, ором ва пешрафтаро бунёд кунем. Конститутсия ба мо меомӯзонад, ки Ватанро дӯст дорем, ба қонун эҳтиром гузорем, ба меҳнат дилбастагӣ дошта бошем ва барои ободии Тоҷикистони азиз талош варзем. Он рамзи ваҳдат, озодӣ, истиқлол ва худшиносии миллии мост.

scroll to top