Санаи 11 сентябр ба КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» намояндаҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — сармутахассиси гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ Вазиров Бахтовар ва мутахассиси гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ Қодиров Дақиқ ташриф оварданд ва барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони филиалҳо, рунамои низоми электронии ҳуҷҷатгузориро нишон доданд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндаҳои Агентӣ имкониятҳо ва афзалиятҳои низомро муфассал шарҳ доданд. Ин низом ба ташкилотҳо имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ таҳия, нигоҳдорӣ ва мубодила намоянд, ки дар натиҷа вақт сарфа шуда, сатҳи шаффофият ва боварӣ ба раванди ҳуҷҷатгузорӣ зиёд мегардад.
Роҳбарияти КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» бо изҳори сипос аз рунамои муфид, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи чунин технологияҳои инноватсионӣ баён намуд.




